Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ(ICG) дар гузориши наваш таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: Тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумори афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ»-ро «мушкили печида» барои ҳукуматҳои ин қаламрави собиқи Шӯравӣ номидааст.
Дар ин гузориш, ки рӯзи 20 январ нашр шудааст, гуфта мешавад, «маргинализатсияи сиёсат ва ояндаи тираи иқтисодӣ» танҳо дар 3 соли охир тақрибан аз 2 то 4000 нафарро таҳрик додааст, «то ба ҳукуматҳои дунявии ин кишварҳои пасошӯравӣ пушт гардонда, дар созмонҳои тундгаро ягон алтернатива биҷӯянд.»
Созмони «Давлати исломӣ», бино ба ин гузориш, «нафақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки ҳам онҳоеро, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад.»
Ва ин афрод акнун ба як “мушкили печида” барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ табдил меёбанд. Вале дар ҳоле, ки ин ҳукуматҳо тибқи маъмул барои аз байн бурдани ин падида низ роҳи саркӯби дигарандеширо пеш гирифтаанд, ба ақидаи пажӯҳишгарони Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ, “роҳи муассиртар ҳалли камбудиҳову кӯтоҳиҳои сиёсиву маъмурӣ, бозбинии сиёсатҳову қонунҳои саркӯбкунанда ва ҳам иҷрои барномаҳои таблиғотӣ, таъсиси ҷойҳфои корӣ дар Ватан ва ҳамкории наздиктар байни хадамоти амниятии ин кишварҳост.”
Гузориш мегӯяд, агар шумори қобили мулоҳизаи муҳоҷирони узви гурӯҳҳои тундгаро баргарданд, онҳо метавонанд суботу амниятро дар саросари Осиёи Марказӣ дучори чолиш кунанд. Ва ин таҳдид дар ҳоле буруз кардааст, ки “ҳамаи 5 кишвари минтақа, ба ақидаи муаллифон, аз раҳбарии заиф, фасод ва ҷинояткорӣ азоб мекашанд.” Бар илова, “Узбакистон ва Туркманистон давлатҳои худкомаи пулисӣ мебошанд. Қазоқистон каме сарват дорад, вале вилоятҳояш вайронаанд ва низоми сиёсиаш ҳам автократист. Ҳамаи ин 5 давлат дар мавриди таъмини хадамоти иҷтимоии босифат, бахусус дар манотиқи рустоӣ, дасти кӯтоҳ доранд. Нирӯҳои амниятии онҳо, ки хуб таъмину тамрин нашудаанд ва камбуди манобеъ ва маҳоратро бо истифодаи шеваҳои бераҳмона пур мекунанд, тавони муқобила бо чолишҳои мураккабе, чун тундгароии исломиро надоранд.”
Гузориш мегӯяд, дар миёни ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар сафҳои “Давлати исломӣ” аз ҳама бештар узбакҳо дида мешаванд, вале қирғизҳову қазоқҳо ва туркманҳову тоҷикҳо низ дар миёни онҳо кам нестанд: “Бархе и онҳо дар зодгоҳашон ҷалб шудаанд, дигарон дар берун, бештар ҳангоми муҳоҷирати корӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ гароидаанд.”
Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ гароидан ба ҳаракатҳои “ҷиҳодӣ”-ро як натиҷаи азму орзуҳоиамалиношуда ба тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ дар ин минтақа меномад. Ба ин далел, омадааст дар гузориш, як портрети хоси ҷангиён аз Осиёи Марказиро кашидан мушкил аст, чунки дар байни онҳо “бой ҳам ҳасту фақир ҳам, пир ҳам ҳасту ҷавон ҳам, мард ҳам ҳасту зан ҳам.” Аммо як чизи умумӣ, ки дар ин маврид мушоҳида мешавад, “хастагӣ аз вазъияти иҷтимоиву сиёсист.” Ва мардуме, ки ба ҳошия ронда шудааст ваё комилан аз арса дур андохта шудааст, умеди наҷот, тағйир ва бунёди як низоми ҷадиди сиёсиро ҳатто дар гурӯҳҳои тундраве, чун Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон ваё имрӯз дар симои “Давлати исломӣ” мебинанд.
Гузориш мегӯяд, ҳоло ҷангиёни зодаи Осиёи Марказӣ дар сафҳои “Давлати исломӣ” соҳиби нуфузи бештару мақомҳои ҳарчӣ баландтари фармондеҳӣ мешаванд, дар гурӯҳҳои қавмию минтақавӣ гирди ҳам меоянд ва “хатарашон ҳам торафт бештар мешавад, чунки робитаҳои онҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле тақвият ва ҳадаф пайдо мекунад, ки ҳукуматҳои бехабари минтақа барои муқобила ба чунни навъи таҳдидҳои амниятӣ хуб омода нестанд.”
Русияву Чин аллакай бо изҳори нигаронӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки ба масъалаи тундгароӣ дар ростои афзоиши таҳдиди “Давлати исломӣ” расидагӣ кунанд. Аммо Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ менависад, дар ин росто, Амрикову Иттиҳодияи Аврупо низ бояд эътироф кунанд, ки Осиёи Марказӣ ба таври афзоянда ба як манбаи ҷалби ҷангиёни хориҷӣ табдил меёбад. Муаллифон менависанд, Ғарб бояд дар тавсияҳояш ба ҳукуматҳои ин минтақа дар авлавият қарор додани ислоҳоти сиёсӣ, ҳамчунин ҳусни таҳаммули бештар нисбат ба масоили диниро сархат кунад. Омили дигари муҳим, ба ақидаи Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ, ҳамкории кишварҳои худи минтақа, бахусус табодули самимонаи маълумоти амниятӣ миёни онҳост. Дар ғайри ин сурат, омадааст дар гузориш, талоши қудратҳои хориҷӣ натиҷаи чандоне нахоҳад дод.
70 миллиони "Давлати исломӣ" барои "ҷиҳод" дар Осиёи Марказӣ
Қодир Маликов, як таҳлилгари масоили мазҳабӣ аз Қирғизистон рӯзи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, созмони “Давлати исломӣ”, ки дар Сурияву Ироқ бо ҳадафи таъсиси хилофати воҳиди исломӣ меҷангад, барои ба ҳам задани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Қодир Маликов мегӯяд, “Давлати исломӣ” дар ҳайаташ гурӯҳи ҷангии алоҳидае бо номи “Мовароуннаҳр” созмон додааст, ки ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
Қодир Маликов гуфт, ин 70 миллион бояд барои ташкили шӯъбаҳо, ҷалби афрод ва ҳатто анҷом ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи водии Фарғона истифода шавад. Коршиноси қирғиз афзудааст, ки “ҳанӯз ин маълумот пурра тасдиқшуда нест, вале паёмҳое ба мо мерасанд. Бино ба маълумоти мо, “Давлати исломӣ” мехоҳад вазъ дар Узбакистонро аз тариқи ҷануби Қирғизистон ба ҳам бизанад. Ҳадафи асосии онҳо Узбакистон аст, вале дар ҷануби Қирғизистон низ эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ вуҷуд дорад.”
То кунун мақомоти амниятии ҳеҷ кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иддаои Қодир Маликов дар бораи ҷудо шудани 70 миллион доллар аз сӯи "Давлати исломӣ" барои ба ҳам задани вазъи ин минтақаро шарҳ надодааст. Вале Сотибек Молдалиев, як коршиноси дигари қирғиз дар сӯҳбат бо хабаргузориии “Vesti.kg” эҳтимоли ба густариши фаъолиятҳояш ба Осиёи Марказӣ талош кардани “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯро қобили арзёбӣ хондаааст.
Молдалиев гуфтааст, ба ҳайси ҳадафи асосӣ интихоб шудани Узбакистон низ беҳуда нест: “Тайи 25 соли охир қаламрави водии Фарғона мавриди таваҷҷӯҳ и бисёр кишварҳову созмонҳо қарор дошту дорад. Имкон дорад, ки манфиатҳои “Давлати исломӣ” дар навбати аввал ба сӯи Узбакистон нигаронида шуда бошад. Дар ин кишвар режими худкома ҳоким аст ва ба зудӣ интихоботи президентӣ доир мешавад, ки дар он раҳбари кунуниаш Ислом Каримов дигарбора номзадиашро гузоштааст. Тавре мегӯянд, бе шамол дарахт намеҷунбад ва набояд хабарҳо дар бораи талоши бархе нирӯҳо барои ба ҳам задани вазъ дар водии Фарғонаро нодида гирифт.”
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис дода ва мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.
Бино ба ҳисобҳо, дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон, меҷанганд. Ин ҷангиён, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон чандин бор таҳдид кардаанд, ки “ҷиҳод”-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки дар оянда ба Осиёи Марказӣ ҳам густариш дода хоҳад шуд.
Ахиран дар Интернет навори видеоии ҷангии тоҷике аз Тоҷикистон бо лақаби “Абӯ Умариён” нашр шуд, ки ӯ дар он мегӯяд, барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон ҳам аз “халифа”-и “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат хостаанд, вале нафарони “халифа” ба ҷангиёни тоҷик гуфтаанд, ки ҳанӯз сабр кунанд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҳайати созмонҳои тундрави хориҷӣ, аз ҷумла дар сафҳои “Давлати исломӣ”-ро мояи нигаронӣ мехонанд ва аз тариқи ваъдаи афв ва ташвиқи ин ҷангиён тавассути хешовандони онҳо талош доранд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд