Сарвазири Ҷопон Шинзо Абе гуфт, таҳдиди созмони "Давлати исломӣ" ба қатли ду гаравгони ҷопонӣ "нобахшиданист". Абе аз ин созмон хост, ки гаравгонҳоро раҳо кунад. Абе, ки дар идомаи силсиласафараш ба Ховари Миёна дар нишасти хабарие дар Байтулмуқаддас сӯҳбат мекард, ваъда дод, ки Ҷопон барои таъмини раҳоии амни ин ду асир тамоми корро хоҳад кард ва "ҳаёти онҳо дар авлавият қарор дорад."
Ҷангиёни зоҳиран созмони “Давлати исломӣ” бо нашри як видео дар ивази раҳоии ду гаравгони ҷопонӣ 200 миллион доллар хоста, таҳдид кардаанд, ки агар ин талаби онҳо дар зарфи 72 соат иҷро нашавад, гаравгонҳоро хоҳанд кушт. Дар ин видео ду гаравгон либосҳои рангаш норанҷӣ дар тан зоҳир ва ҳамчун Кени Гото Його ва Ҳаруна Юкава муаррифӣ мешаванд.
Ин видео рӯзи 20 январ дар чандин сомонаҳои интернетии марбут ба ҷангиёни “Давлати исломӣ” нашр шуда, шабеҳи видеоҳои дигари нашршуда аз сӯи ин созмони ифротист.
Дар навор як марди сиёҳпӯш корд дар даст аз Ҷопон интиқод мекунад, ки ба гуфтаи ӯ, аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар маъракаи низомии зидди “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ дастгирӣ кардааст.
Ҳукумати Ҷопон аммо гуфт, ба “терроризм” гузашт нахоҳад кард. Сухангӯи аршади ҳукумати Ҷопон Йошиҳиде Суга дар нишасти хабарие дар Токио гуфт: “Мавқеи қишвари мо - саҳм гузоштан дар ҷанг алайҳи терроризм бидуни гузашт - бетағйир боқӣ мемонад.”
Гӯяндаи навор зоҳиран ва аз нигоҳи садояш шабеҳи ҷангии гӯишаш бритониёиест, ки дар дигар мавридҳои сарбурии асирон аз сӯи ин созмони тундрав даст дошт., Ин ҷангӣ мегӯяд, талаби товон дар ивази раҳоии гаравгонҳои ҷопонӣ барои ҷуброни кӯмакҳои ғайринизомиест, ки сарвазири Ҷопон Шинзо Абе барои ҳимоят аз эътилофи зидди “Давлати исломӣ” дар ҷараёни силсиласафараш ба Ховари Миёна ваъда дод.
Шинзо Абе рӯзи 17 январ дар нахустин нуқтаи ин силсиласафараш ба Ховари Миёна– шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср – барои кишварҳои ин минтақа ваъдаи 2,5 миллиард доллар ёриҳои башарию фаннӣ дод. Абе рӯзи 20 январ дар Байтулмуқаддас гуфт, бо вуҷуди таҳдиди ҷангиён, ӯ ба ин ваъдааш хоҳад истод: "Ҷомиаи байналмилалӣ ба терроризм гузашт намекунад ва мо бояд итминони хотир бидиҳем, ки дар ин аҳд ҳастем."
Дар Токио, вазорати хориҷаи Ҷопон гуфт, кай ва дар куҷо сабт шудани видеои нашршударо таҳқиқ мекунад. Кобинаи вазирон эълон кард, ки барои баррасии роҳҳои посухи Ҷопон ба таҳдиди ҷангиён ташкили як ҷаласаи вижа хоҳад кард.
Яке аз асирони ҷопонӣ – Кенҷи Гото Ҷого – журналисти озод(фрилансер) – буда, дувумӣ – Ҳаруна Юкава – дар моҳи август низ дар як видеои дигари ҷангиён ҳангоми бозпурсиаш аз сӯи гаравгонгирон зоҳир шуда буд.
Як ширкати хусусии низомӣ, марказаш дар Токио, Юкаваро ҳамчун мудиромилаш рӯйхат кардааст. Дар сомонаи ин ширкат гуфта мешавад, ки он дар “Туркия, Сурия ва Африқо” ҳам шӯъбаҳои худро дорад.
Ҷангиёни “Давлати исломӣ” маъмулан гаравгонҳоро бо мақсадҳои таблиғотӣ истифода мебаранд. Онҳо то кунун наворҳои видеоии қатли садҳо асир, бо шумули саҳнаҳои сарбурии хабарнигорони тғарбию коргарони созмонҳои имдодӣ ва куштори дастаҷамъии сарбозони Сурияву Ироқро аз тариқи сомонаҳои Интернет нашр кардаанд.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис додаву Абӯбакри Бағдодиро, ки бино ба гузоришҳо, як афсари собиқи артиши диктатори пешини Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, “халифа” эълон кард. Ин созмон мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.
Тайи ду соли ахир аз ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш мешавад. Ба гуфта мақомот, ҳоло то 300 ҷавони тоҷик дар Ироқу Сурия меҷанганд, аммо худи ин ҷангиӣн дар шабакаҳои иҷтимоии теъдоди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурияро то 1000 нафар мегӯянд.