Бо маълум шудани номзадҳои пештоз дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, соҳибназарони тоҷик мегӯянд, ҳар кадоме аз онҳо ба қудрати сиёсӣ дар Кобул даст пайдо кунанд, сатҳи равобити ин кишвар бо Тоҷикистон ба минволи мавҷуд ҳифз хоҳад шуд.
Агарчанд дар миёни шахсиятҳое, ки ба сиёсати бузурги он кишвар ворид мешаванд, чеҳраҳои нав ва бо дидгоҳҳо ва тамоюлоти мухталиф низ ҳастанд, аммо коршиносон бовар доранд, ниёзмандиҳои муштарак ва манофеи иқтисодӣ, ин ду билохира ба гароишҳо ва салиқаҳои шахсӣ боло мегирад. Дар марҳилаи аввал, иҷрои барномаҳои энержӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, сохтани роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон аз барномаҳои аввалдараҷае мебошанд, ки ҳарду кишвар ба шиддат ба он ниёз доранд.
Инчунин тарҳи мавсум ба CASA- 1000, ки ҳадафи он интиқоли барқи минтақа ба Покистонро дар назар дорад, ваҷҳи умумиест, ки бунёди онро Тоҷикистон ва Афғонистон дар ростои манофеи миллӣ ва иқтисодии худ медонанд. Амалӣ шудани ин тарҳ танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мумкин ва манфиатовар хоҳад буд. Ин дар ҳолест ки бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбакистон ба унвони ҳамсояи зӯргӯи Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳардуи ин тарҳҳо - ҳам сохтмони нерӯгоҳҳо ва ҳам тарҳи CASA-1000 - ба сурати возеҳ мухолифат кардааст. Суол ин аст ки оё ҳар кадоме аз гурӯҳҳои сиёсие, ки ба сари кор меоянд, ба ҳамин тааҳҳудот пойбанд хоҳанд буд ва ё имкони ба пеш омадани мушкил дар ин тарҳҳо ва ё бархе аз ин барномаҳо низ метавонад вуҷуд дошта бошад?
Раҳматулло Абдуллоев, корманди илмии шӯъбаи Афғонистон дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Тоҷикистон мегӯяд: «Новобаста аз мансубияти ҳизбӣ ва мансубиятҳои дигари номзадон, муҳимтарин барномаи ҳар кадоме ки ба қудрат мерасад, ин пеш аз ҳама таъмини сулҳу субот ва амният дар Афғонистон аст. Ва дар ин замина ҳар роҳбари Афғонистон ба ҳамкории кишварҳои ҳамсоя сахт ниёз дорад. Аз ин хотир ҳар касе набошад, кӯшиш мекунад, ки равобитро бо Тоҷикистон хуб нигаҳ дорад. Дигар масъала ин аст, ки давлатҳои Ғарб ва доираҳои молии байналмилалӣ дарк карданд, ки дар иҷрои тарҳи CASA-1000 ҳеҷ кишвари дигари минтақа имконияти Тоҷикистону Қирғизистонро надорад. Ва ин ниҳодҳои молии ғарбӣ дар таъмини амният ва сулҳу иқтисоди Афғонистон саҳм доранд ва сармоягузорӣ намудаанд ва онҳо низ ба равобити хуби Тоҷикистон бо Афғонистон манфиатдоранд. Ин муҳим аст. Албатта, шахсиятҳои муайян ва ё бархе гурӯҳҳое ҳастанд, ки метавонанд ба ин барномаҳо зид бошанд. Аммо ман фикр мекунам, манфиатҳои иқтисодӣ ва ниёзмандиҳои умумӣ ҳукуматҳоро ба иқдоми муштарак водор месозанд.»
Тоҷикистон дар замони ҳукумати Толибон, аз соли 1996 то соли 2001 ба давлати расмии Афғонистон дар мубориза ба Толибон ва Ал-Қоида кӯмак мекард ва дар соли 2001 бо сари кор омадани ҳукумати муваққат бо сарварии Ҳомиди Карзай, дар Кобул сафорати Тоҷикистон боз шуд ва дар 13 соли гузашта ҳамкориҳои ду кишвар рушд доштааст. Дар ҳамон сол Тоҷикистон ба эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм пайваст ва дар барқарории сулҳу субот дар Афғонистон кӯмак кард.
Дар ин муддат ҳеҷ мушкиле зоҳиран дар муносиботи ду кишвар мушоҳида нашудааст, агарчанд имкони беҳтар аз ин ҳам рушд кардани муносибатҳои ду кишварро коршиносон мумкин медонанд. Тоҷикистон ва Афғонистон дар чанд соли охир дар таъмини барномаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм ва ҳаросафканӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муҳиме доштааст. Ҳузури шахсиятҳои бонуфузе, ки дар дар замони мубориза бо терроризм ва Толибон бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доштанд, дар низоми сиёсии Афғонистон як омили тақвияти ҳамкорӣ ва эътимод ду ҷониб буд.
Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон мегӯяд, интихоботи Афғонистон то кунун ба ду ҳадаф аз се ҳадафи аслии худ даст ёфтааст, яке ҳузури мардум дар интихобот, ки ба давлати оянда машруият мебахшад ва ин маънои инро дорад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ дар баробари мардум шикаст хӯрдаанд. Дигар ин, ки интихобот қудрати нерӯҳои низомӣ ва амниятиро ба намоиш гузошт ва то ҳадди зиёде мардуми Афғонистон ва кишварҳои минтақаро қаноат дод, ки низоми мавҷуд баъди соли 2014 хоҳад тавонист ба сари пои худ биистанд.
Ва акнун даст ёфтан ба ҳадафи аслӣ, ки таъмини сулҳу субот ва овардани қаноати иҷтимоӣ ҳадест, ки бояд интизор буд ва дид. Оқои Искандаров мегӯяд, вале ҳамчунон интихоботи Афғонистон метавонад ҳам заминаи субот ва рушд ва ҳам ҳамчунон заминаи хушунат шавад. Чӣ гуна?
«Эҷоди ташаннуҷ вақте метавонад бошад, ки ё давлат ва ё номзадҳои ҷудогона ё комиссия ба тақаллуб даст бизанад ва раъйи мардумро нодида бигирад. Ин ҳол, албатта, метавонад номзадҳои дигар ва ҷонибдоронашонро таҳрик кунад ба як навъ эътирози умумӣ. Ва аз ин кор метавонанд душманони сулҳу субот дар Афғонистон сӯиистифода кунанд,» - мегӯяд оқои Искандаров.
То сари кор омадани ҳукумати нави Афғонистон бо раҳбарии Ҳомиди Карзай, дар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад, танҳо як пул сохта шуда буд, ки он ҳам таъйиноти низомӣ дошт. Дар 13 соли гузашта бар фарози Панҷ 5 пули мошингузар сохта шудааст, ки боиси рушди табодули мол ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар шудааст. Дар Тоҷикистон ба ҷуз ин бовар ба фикри дигаре нестанд, ки ҳар ҳукумате дар Афғонистон ба сари кор биояд, ба бунёди ду пули боқимонда дар фарози Панҷ ва инчунин сохтани ҳарчи зудтари роҳи оҳани Туркманистон- Афғонистон- Тоҷикистон даст ба кор хоҳад шуд.