Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбурги Олмон барои нахустин бор ин ҷоиза барои таронаҳои курдӣ дода шуд. Фарҳоди Базлӣ, маъруф ба “Шоҳ Фарҳод” ва "Шоҳзодаи Курдистон", аз миёни хонандагони курд нахустин нафарест, ки бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуд.
Фарҳоди Базлӣ 35 сол дошта, дар Сарипули Заҳоб, дар Курдистони Эрон ба дунё омада, дар Кирмоншоҳ, дар канори кӯҳи Бесутун, кӯҳе ки тибқи ривоятҳо, Фарҳод барои ба даст овардани дили Ширин аз дили ин кӯҳ ҷӯй канда буд, бузург шудааст. Фарҳоди Базлӣ мегӯяд, волидонаш ӯро ба шарафи ҳамин ошиқи Ширин Фарҳод ном кардаанд.
Фарҳоди Базлӣ то имрӯз ду албоми таронаҳояш – “Полош” (“Қадами аввал”) ва “Милкон” (“Замини падарӣ”)-ро вориди бозор кардааст. Ӯ ҳам ба курдӣ ва ҳам ба форсӣ тарона мехонад.
Фарҳоди Базлӣ дар баробари овозхонӣ соҳибкори комёб ҳам ба шумор меравад ва се шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла “Clicksat” – шабакаи пахши таронаҳои форсиву курдӣ, як шабакаи тафреҳӣ барои Афғонистон ва як шабакаи дигари мусиқӣ ба забони англисиро таъсис додааст.
Фарҳоди Базлӣ қабл аз дарёфти ҷоизаи "Big Apple Music Awards 2015" дар Ҳамбург дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, таърифи Тоҷикистон ва мардумашро зиёд шунидааст ва орзуяш дидори ин сарзамин аст. Ӯ мегӯяд, мардуми тоҷику афғону эрониву курд ҳама як решаи таърихиву фарҳангӣ доранд ва ба мисли бародаронанд, ки талотуми ҳодисот онҳоро дар кишварҳои мухталиф аз ҳам ҷудо кардааст.
Фарҳоди Базлӣ гуфт, аз хонандагони тоҷик бештар Шабнами Сурайёро мешиносад ва эҷодиёти ӯро дунбол мекунад. Ӯ мегӯяд, аз ин ки Шабнам чанд таронаи решаҳояш курдиро низ иҷро кардааст, хеле хушаш меояд.
Мусоҳибаи ихтисосии Фарҳоди Базлӣ бо Радиои Озодиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад