Бунёди Авроосиё зимни барномаи «Баробарӣ дар назди қонун» муайян кардааст, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи онҳо ба замин шикоят мекунанд.
Ба қавли ҳуқуқшиносони Бунёди Авроосиё, аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо шикоят ба онҳо муроҷиат кардаанд, 800 нафарашон масъалаи заминро дар миён мегузоранд. Дар ҷои дуввум мушкилоти вобаста ба талоқ ва сеюм, ситонидани алимент шаҳрвандонро азият медиҳад. Аммо коршиносон мегуянд ин ду мушкили дигар ҳам дар натиҷаи тақсими ноодилонаи замин ба мардум ва мушкили бунёди манзил бастагӣ дорад.
Файзи Олӣ, ҳуқуқдони тоҷик, ки чун вакили дифоъ фаъолият мекунад мегӯяд мушкили гирифтани порчаи замин барои бунёди манзил ба яке аз мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст: «Бо истифода аз солҳои бесарусомони ҷанги шаҳрвандӣ нафарони алоҳида заминҳои калонро аз худ карданд, вале мардуми дигаре ки сарсон буданд бе замин монданд. Масалан дар деҳаи Оқтоқи ноҳияи Рудакӣ манн вакили дифои як нафар ҳастам, ки ҳуқуқаш ба замин нақз шудааст. Дар ин мавзеъ як нафар 500 гектар замин гирифтааст акнун ба дигарон замин намерасад.»
Файзи Олӣ мегӯяд, бинобар зиёд будани ҳарҷу марҷ дар тақсими замин дар Тоҷикистон давлатро зарур аст, то сиёсати тақсимоти заминро бознигарӣ кунад.
Тибқи Сарқонун, замин дар Тоҷикистон то ба ҳол моликияти истисноии давлат аст ва афроди алоҳида бо гирифтани сертификат танҳо ҳуқуқи истифодаи ин замин барои муддати муайянро дарёфт мекунанд.
Зимнан коршиносон мегӯянд, маҳз давлатӣ будани замин боиси пайдо шудани мушкил дар гирифтани он барои бунёди манзил, сохтмони корхона ва хоҷагии деҳқонӣ шудааст. Коршиносон ба инанд, ки давлат дар ояндаи наздик бояд заминро чун моликияти хусусӣ эътироф кунад. Чунки бе ин ҳам ҳоло дар кишвар бозори ғайриқонунии замин вуҷуд дорад ва ба касе пӯшида нест, ки мансабдорони маҳаллӣ ҳар сотих заминро ба эҳтиёҷмандон бо қиммати муайян мефурӯшанд.
Нозим Эшонқулов, коршиноси «Маркази бозори озод» мегӯяд, вақти он расидааст, ки Тоҷикистон ҳам мисли Қирғизистону Қазоқистон заминро чун моликияти хусусӣ эътироф кунад: «Вақте як чиз ба давлат таалуқ дорад ва онро як мансабдор тақсим мекунад, ба эҳтимоли зиёд вай ин моликиятро ба фоидаи ғаразноки хеш равона мекунад. Дар ин ҷо риски ба вуҷуд омадани коррупсия хеле зиёд мешавад. Дар сурати эътироф шудани замин чун моликияти хусусӣ дар кишвар бозори қонунии замин ба вуҷуд меояд ва он озодан хариду фурӯш мешавад. Дар ин сурат мансабдор ба ҷараёни тақсими замин дахолат карда наметавонад.»
Ҷаноби Эшонқулов мегӯяд, дар қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба замин ихтилоф вуҷуд дорад. Аз як сӯ, давлат заминро моликияти истисноии худаш медонад ва аз сӯи дигар, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ иҷоза додааст, ки сертификати истифодаи заминро дар бонкҳо ба гарав гузошта, қарз бигиранд. Ин ҳам, ба гуфтаи ин иқтисоддон, як навъ эътироф кардани ҳаққи моликияти шахс ба замин аст.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар сурати моликияти хусусӣ эътироф шудани замин бюрократия ва коррупсия дар сатҳи поёнии ҳукумат коҳиш ёфта, эътимоди сармоягузорон ба кишвар боло меравад. Чунки ҳоло сармоягузорон бо гирифтани сертификати истифодаи замин чандон эътимод надоранд, ки фардо давлат ҷои корхонаи бунёдкардаи онҳо гирифта, барои мисол, ягон роҳ намесозад. Дар сурати эътироф шудани замин чун моликияти хусусӣ сармоягузор боварӣ ҳосил мекунад, ки замини харидаи вай пурра ба ӯ тааллуқ хоҳад дошт.
Масоҳати умумии Тоҷикистон 142 000 километри мураббаъ ва аҳоилаш 8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 56 нафар ба ҳар километр.
Аммо 93 дарсад аз сарзамини Тоҷикистон кӯҳ буда, ҷамъи заминҳои кишташ 864 200 гектар ва заминҳои обиаш 592 000 гектар баровард шудааст. Яъне ба ҳар нафар дар Тоҷикистон ҳудудан 8 сотих замини обӣ рост меояд. Зимнан барои сохтани манзили зист дар ин кишвар маъмулан 8 сотих қитъаи замин ҷудо мекарданд, вале бо назардошти камчин шудани замин ин меъёрро дар солҳои охир то 4 сотих барои як хонавода танг кардаанд.
Файзи Олӣ, ҳуқуқдони тоҷик, ки чун вакили дифоъ фаъолият мекунад мегӯяд мушкили гирифтани порчаи замин барои бунёди манзил ба яке аз мушкилоти доғи рӯз табдил ёфтааст: «Бо истифода аз солҳои бесарусомони ҷанги шаҳрвандӣ нафарони алоҳида заминҳои калонро аз худ карданд, вале мардуми дигаре ки сарсон буданд бе замин монданд. Масалан дар деҳаи Оқтоқи ноҳияи Рудакӣ манн вакили дифои як нафар ҳастам, ки ҳуқуқаш ба замин нақз шудааст. Дар ин мавзеъ як нафар 500 гектар замин гирифтааст акнун ба дигарон замин намерасад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад