Эътирози як эътилофи мухолифон ба ҳукми Сӯҳроб Зафар

Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо нисбат ба раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва як намояндаи фаъоли он Насимҷон Шарифов “ғайриқонунӣ” номидааст.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, рӯзи 22-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кишварҳои демократии ҷаҳон мехоҳанд, ки дар ин қазия бетараф набошанд.

Дар баёнияи Паймони миллӣ аз 17-уми октябр ҳам гуфта шудааст, ки “ба сурати махфӣ ва паси дарҳои баста маҳкум шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, ҳамчунин, рабуда шудани онҳо, барои мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан месозад, ки чӣ касе дар ин моҷаро ҷинояткори аслӣ мебошад.”

Эътилофи гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар хориҷа амали мақомотро “ҷинояти ғайриқобили қабул, таҳқиромез ва фаромарзӣ”-и режими Эмомалӣ Раҳмон донистааст.

“Мо аз сарони кишварҳои демократӣ, иттиҳодияҳои кишварҳои озод ва созмонҳои ҳуқуқи башар тақозо мекунем, ки дар ҳама гуна муносибат ва додуситад бо режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон, аввал озодии бечуну чарои зиндониёни сиёсӣ, бахусус занон, дигарандешон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, блогерҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дар авлавияти кори худ қарор бидиҳанд,” – гуфта шудааст дар баёния.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ба 30 сол ва Насимҷон Шарифов, намояндаи созмон дар Туркия ба 20 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ҳукми Додгоҳ рӯзи 10-уми октябри имсол паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи он ва баъзе ҷузъиёти мурофиаи охиринро рӯзи 17-уми октябр дастрасу нашр кард.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насимҷон Шарифов, фаъоли ин созмони мухолифи ҳукумат, дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Онҳо аз соли 2014 дар он кишвар мезистанд.

Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол, рӯзи 9-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Тоҷикистон будани онҳоро таъйид кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номидааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро манъ ва онро “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон кардааст. Намояндагони созмон фаъолияти худро дурусту сиёсӣ меноманд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Беасос ва пур аз туҳмат". Вокуниши "Гурӯҳи 24" ба ҳукми ду намояндаашВокуниши ду созмон ба ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон ШарифовАз 20 то 30 сол. Эълони ҳукми Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов