"Не ҷанг, не Путин!" Эътирози садҳо нафар дар Берлин

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний. Берлин, 17-уми ноябри 2024

Тақрибан ду ҳазор зодаи Русия, аз ҷумла мухолифони президенти Русия Владимир Путин ва ҷанги идомадори ӯ дар Украина, рӯзи 17-уми ноябр дар Берлин гирдиҳамоӣ карданд.

Бархе дар даст шиорҳои "Не ҷанг, не Путин!", "Путин хоин", "Русия бидуни Путин" ва "Нест бод ҷанг" доштанд.

Юлия Навалная, ҳамсари Алексей Навалний, раҳбари пешини мухолифон, дар ин гирдиҳамоӣ Путинро "қотил" номид. Алексей Навалний моҳи феврали имсол дар зиндоне дар Русия ба таври мармуз даргузашт.

Владимир Кара-Мурза ва Иля Яшин, сиёсатмадорони мухолиф, низ роҳпаймоёнро ҳамроҳӣ доштанд. Онҳо тобистони имсол ҳангоми табодули маҳбусон байни Маскав ва Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ аз боздошт дар Русия озод шуданд.

Эътирозгарон дар баёнияе хуруҷи фаврии нерӯҳои Русия аз Украина, муҳокимаи Владимир Путин ҳамчун ҷинояткори ҳарбӣ ва раҳоии тамоми зиндониёни сиёсиро дар Русия талаб кардаанд.