Эътирозгаронро аз назди бинои порлумони Гурҷистон ронданд

Тбилиси, 13-уми майи 2024

Ҳазорҳо маъмури пулис ва нерӯҳои вижаи Гурҷистон субҳи 13-уми май баъд аз задухӯрд бо тазоҳургарон дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) тавонистанд аз чор даромадгоҳи порлумони ин кишвар дуторо аз эътирозгароне, ки тамоми шаб онҷо буданд, холӣ кунанд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон бо ин роҳ ба вакилони порлумони он кишвар аз Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" имкон фароҳам овард, ки ба бино ворид шаванд ва дар ҷаласаи кумита оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок кунад.

Дар натиҷа аъзои кумита тавонистанд лоиҳаи қонунро "Дар бораи шаффофияти таъсири берунӣ", ки қарор аст рӯзи сешанбе дар ҷаласаи умумии порлумонӣ қабул шавад, дар қироати севум қабул кунанд.

Пулис иттилоъ дода, ки дар ҷараёни задухӯрд бо эътирозгарон ҳудуди 20 кас дастгир шуд. Телевизионҳои мухолифи Гурҷистон дертар навори латукӯб шудани тазоҳургаронро аз сӯи гуруҳи маъмурони пулис намоиш доданд.

Эътироз дар Тбилиси (Тифлис) як моҳ боз идома дошт, вале рӯзи якуми май ва пас аз тасвиби қонун дар хониши дуюм хашми норозиён бештар шуд.

Гурҷистон дар соли 2008 ва пас аз як ҷанги кӯтоҳ бо Русия ва аз даст додани қисме аз қаламравҳояш, ҳамкориро бо Аврупо бештар карда буд. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули ин қонун Гурҷистон худашро ба Русия наздик мекунад.