“Ҷаноби олӣ... дафъ шавед!” Эътироз ба зидди сафари Путин ба Остона

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо Владимир Путин, президенти Русия

Се фаъоли маданиро дар Қазоқистон, ки ба зидди сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия, баромадаанд, бо иттиҳоми “авбошии хурд” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Ҳодиса рӯзи 27-уми ноябр иттифоқ уфтод.

Марат Жанузаков, яке аз фаъолон, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо дар назди хона истода, дар даст байрақи Қазоқистон ва Украинаро доштем. Ҳеч чиз нагуфтем. Моро ба идораи пулис бурда, аз соати нуҳ то сеи шаб нигоҳ доштанд."

Дар аксҳое, ки рӯзи 27-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ду нафар бо парчам тасвир ёфта, як кас навиштаи "Ҷаноби олӣ… аз Қазоқистон дафъ шавед!"-ро дошт.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ натавонистааст шарҳи пулисро бигирад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 27-уми ноябр бо сафари давлатӣ ба Остона рафт. Ӯро мақомот бо шукӯҳ ва бо шиори "Ҷаноби олӣ, ба Остона хуш омадед!" истиқбол гирифтанд.

Истифодаи ин ибора дар ҳаққи Путин бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Қазоқистон асабонӣ кардааст, вале Вазорати умури хориҷӣ онро дуруст номид.