Матбуоти Эрон рӯзи 27 апрел навишт, вазири корҳои хориҷаи Эрон дастрасии консулӣ ба ҳайати як киштии боздоштшудаи Португалияро, ки бо Исроил иртибот дорад, фароҳам намуд ва интизор меравад, ки он раҳо шавад.
Рӯзи 13 апрел - чанд рӯз баъди он ки Теҳрон ваъда дод, барои ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба консулгариаш дар Димишқ посух хоҳад дод, киштии зери парчами Португалия бо 25 сарнишинаш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз боздошт шуд. Эрон гуфта буд, ки метавонад масири муҳими боркашониро бубандад.
Ҳамлаҳои ахир ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх ва Халиҷи Адан аз ҷониби ҳусиҳои Яман, ки ба Эрон пайванд доранду бо фаластиниҳо дар Ғазза ҳамраъйӣ нишон медиҳанд, ба ҳаракати киштиҳои хориҷӣ таъсир гузоштааст.