"ТЭЦ Тоҷикистонро аз лимит халос кард"

Баъд аз 23 сол бори нахуст энергетикҳо ё ба истилоҳ “нурофарон”-и тоҷик ҷашни касбии худро дар рӯшноӣ ва бидуни мавҷудияти лимити барқ таҷлил мекунанд. 22-юми декабр дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи кормандони бахши энергетика таҷлил мешавад ва таъини чунин як иди касбӣ дар тақвими Тоҷикистон ба даврае рост омад, ки дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ вуҷуд дошт. Соли 2017 барои нахустин бор мақомоти тоҷик эълон карданд, ки сокинон дар фасли зимистон пурра бо барқ таъмин мешаванд ва маҳдудият ҷорӣ нахоҳад шуд.

“Вақте ба беморхона ҳамагӣ як соат барқ медодем”

Муллошароф Бобоев, таҷрибаи 40 соли кор дар бахши энергетикаро дорад. Кор дар соҳаи таъминоти барқ саломатӣ ва як дасташро аз ӯ рабуд. Мегӯяд, фаъолияти кориаш дар ду сохти гуногун сипарӣ шуд, ки аз ҳам тавофути зиёд доштанд. Давраҳое, ки торикиву маҳдудияти барқ як афсонаи асримиёнагӣ буду дар дигараш барқе намеёфтанд, ки ҳатто идораи энергетикҳоро равшан кунанд.

Хабари бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон барои Муллошароф Бобоев бисёр ногаҳонӣ ва ҳам хурсандибахш буд. Ин энергетики собиқадори тоҷик мегӯяд, агар аз таъмини барқ нахуст мардуми оддӣ шодӣ кунад, энергетикҳои кишвар бештар аз дигарҳо шоданд: онҳо аз ҷанҷолу таънаҳои мардум халос мешаванд.

Муллошароф Бобоев чанд моҳ шуд дар нафақа аст ва шароити кори энергетикҳоро чунин тасвир мекунад: “Дар давраи Шӯравӣ низоми ягонаи энергетика амал мекард ва онро аз худи шаҳри Маскав идора мекарданд. Дар ин низом дар тобистон аз НБО истифода мебурданду дар тобистон аз марказҳои барқу гармидиҳӣ. Аз ҳамон сабаб лимит намешуд. Аммо баъди пошхӯрии Шӯравӣ низоми ягона ҳам аз байн рафт ва Тоҷикистон бо ду ТЭЦ-и хурдаш дар фасли зимистон танҳо монд. Ин сабаб шуд, ки мо дар фасли зимистон ба камбуди барқ дучор шавем."

Ба гуфтаи ин энергетики собиқадор, "ин мушкилӣ аз зимистони солҳои 1994-1995 шуруъ шуд. Дар он шабу рӯз мардум ба бебарқӣ тайёр набуданд. Мардум танҳо баъди сипарӣ шудани 2-3 сол ба ин вазъ мутобиқ шуданд. То ин вақт байни мардум ва кормандони бахши таъминоти барқ нофаҳмиҳои зиёде рух медод. Ба идораи шабакаҳои барқӣ омада, ҷанҷол мекарданд ба сари навбатдор дод мезаданд."

Муллошароф Бобоев мегӯяд, бо ин вуҷуд онҳо талош мекарданд ҳаддиаксар ба мардум бахусус дар маросимҳои тӯю азоашон барқ бидиҳанд. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бадтарин сол дар таърихи 40-солаи кораш ин зимистони соли 2008 буд, ки наметавонистанд ҳатто идораи шабакаҳои барқро бо равшанӣ таъмин кунанд.

Бобоев дар идома гуфт, барои як ноҳияе, ки ӯ кор мекард, маҳдудият барқ аз 240 ҳазор кВт дар як шабонарӯз ба 60 ҳазор квт, яъне чор баробар кам карда шуд. Он сол ба беморхонаҳо ҳам дар як шабонарӯз як соат барқ дода мешуд. Муллошароф мегӯяд, аз ҳама аҷибаш ин буд, ки вақте мардум барои шикоят аз бебарқӣ ба идораи шабакаҳои барқӣ меомад ва медид, ки дар онҷо ҳам барқ нест “хотирҷамъ шуда бармегашт.”

“ТЭЦ Тоҷикистонро аз лимит халос кард”

Чигуна Тоҷикистон аз лимит халос шуд?

Камбуди барқ яке аз мушкили аслии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ҳалли ин мушкил аз се ҳадафи стратегии ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ҳоло Тоҷикистон ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ даст наёфтааст, аммо бори аввал дар 23 соли ахир бардоштани лимит дар фасли зимистон барои сокинон як пайғоме буд, ки солҳо мунтазираш буданд. Дар ин солҳо дар Тоҷикистон даҳҳо нрӯгоҳи барқи обии хурд ва марказҳои барқу гармидиҳӣ бунёд шуд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистонро на неругоҳҳои барқӣ балки бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ аз камбуди барқ наҷот дод. Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик” ва узви Академияи ҷаҳонии муҳандисӣ мегӯяд, тибқи ҳисоби мутахассисон дар Тоҷикистон то 70 дарсади барқ барои гарм кардани манзилҳо сарф мешавад ва вақте гармӣ тариқи об ба хонаи сокинон интиқол меёбад, ҳаҷми зиёди қувваи барқ сарфа хоҳад шуд.

Ба қавли ҷаноби Сироҷов, “гармӣ ҳар қадар бисёртар ба хонаҳо ва ташкилоту идораҳо зиёдтар ворид шавад, ҳамон қадар қувваи барқ сарфа карда мешавад. Дар рӯзгори мардум 70 дарсади барқ барои гармкунии хонаҳо сарф мешавад ва танҳо 30 дарсади он барои рӯшноӣ ва корҳои дигар.”

Ин таҳлилари тоҷик таъкид мекунад, ки маҳз сармоягузории Чин барои бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ тавонист дар интиқоли бемаҳдуди барқ ба сокинон кӯмак кунад. Аммо дар айни замон Баҳром Сироҷов таъкид мекунад, ки қадами пурра барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин бунёди нерӯгоҳи Роғун аст.

“Як насле, ки бидуни барқ бузург шуд”

Таҷрибаи маҳдуд кардани интиқоли барқ дар зимистон ба хонаи мардум соли 1996-1997 шурӯъ шуд. Дар ин муддат як насле ба воя расид, ки нисфи сол ранҷи камбуди нерӯи барқро кашидааст. Мавзӯи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ то ба ҳадди проблемаи сиёсӣ расида буд. Соли 2008-ум дар авҷи норасоии нерӯи барқ ва сардии бесобиқаи ҳаво, чандин ҳолати фавти тифлони навзод дар таваллудхонаҳо аз бебарқӣ сабт шуд. Пас аз ин ҳодиса раисҷумҳур дар як ҷаласаи ҳукуматӣ масъулони соҳаро ба тундӣ интиқод карда, дастур дод, ки “хати нерӯи барқи хонаи ӯро низ бибуранд, то ба мардум барқи бештар расад”.

Соли 2016 президент Раҳмон сохтмони деринтизори нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ҳусни оғоз бахшид ва қарор аст турбинаи аввалини он соли 2018 ба кор андохта шавад. Бо сабабҳои сиёсӣ масдуд шудани корҳои сохтмони нерӯгоҳи муҳим дар Тоҷикистон ба як рамзи торикиву бебарқӣ дар ин кишвар табдил шуд ва ҳоло бисёриҳо умед доранд, ки баъди пурра ба кор даромадани ин нерӯгоҳ, на танҳо хонаҳои мардум чароғон мешавад, балки корхонаҳои иқтисодии кишвар ҳам ҷон мегиранд. Тарҳе, ки метавонад дар ҳалли мушкили бекории кишвар ҳам саҳмгузор шавад.