Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни достони бебарқии як насл. ВИДЕО


Агар эълони лағви лимити “Барқи тоҷик”-ро поёни ба ибораи мардум “светкушӣ” ҳисоб кунем, дар соли 2017 як давра дар Тоҷикистон анҷом меёбад. Даврае, ки ҳадди ақал 20 сол тӯл кашид.

"Як насли шоҳиди бебарқӣ"

Таҷрибаи маҳдуд кардани интиқоли барқ дар зимистон ба хонаи мардум соли 1996-1997 шурӯъ шуд. Дар ин муддат як насле ба воя расид, ки нисфи сол ранҷи камбуди нерӯи барқро кашидааст. Барои ин насл бебарқӣ - торикӣ, сардиро дар пай дошт ва аз кор боз мондани телевизору телефон боиси дилтангиву афсурдагӣ ва маҳрум мондан аз таҳсилу муошират бо ҳамсолонашон шуд.

Мавзӯи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз як мушкили ҷидди иҷтимоӣ то ба ҳадди проблемаи сиёсӣ расида буд. Соли 2008-ум дар авҷи норасоии нерӯи барқ ва сардии бесобиқаи ҳаво, чандин ҳолати фавти тифлони навзод дар таваллудхонаҳо аз бебарқӣ сабт шуда буд.

Хурсанд Ёров, пажӯҳишгари тоҷик, ки айни замон пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Маскав дар аспирантураи он таҳсил мекунад, яке аз намояндагони ин насл аст. Ӯ 29 сол дорад ва ҳоло айнак ба бар мекунад. Хира шудани нӯри чашмашро яке “ҳосили” даврони бебарқиаш медонад, дар канори шамъи камнур, дарс тайёр мекард.

“Ман дар пеши шамъ дарс тайёр мекарадам. Дигар илоҷ набуд. Пиёла ва ё косаро чаппа мегузоштам ва шаъмро фурӯзон карда китоб мехондам ва ё вазифаи хонагиро иҷро мекардам. Бисёр вақт дар рӯи китоб хобам мебурд ва падарам доим хавотир буданд, ки шаъм тамом шуда, оташ ба ҷиҳози хона напечад. Борҳо падарам омада нисфишабӣ шамъро хомӯш карда, мегуфтанд, хоб кунам”,-мегӯяд Хурсанд Ёров.

Бо кӯшиши падари хонадон мушкили рӯшноӣ дар хонаи Ёровҳо то ҳадде ҳал шуд. Хурсанд мегӯяд, пас аз солҳои камбуди барқу рӯшноӣ, дастгоҳеро тартиб дод, ки рӯи дафтару китобашро равшан мекард. “Падарам аз як нафар дӯсташон се аккумулятори ишқордор (шелочной) оварданд. Ман ҳар сеи онро ба ҳам пайваст кардам, ки дар маҷмӯъ 24 волт нерӯи барқ медод ва бо қувваи он лампочкаҳое, ки дар фари мошинҳо ҳаст, равшан мешуд. Зери рӯшнои ҳамин лампочкаҳо, ман дарс тайёр мекардам”.

Аммо рӯшноӣ ягона мушкиле набуд, ки бебарқӣ боис мешуд. Дар набуди барқ ҳамаи асбобу ҷиҳози маишии хона низ аз кор мемонд, ки зиндагии маъмулии хонандагоне мисли Хурсанд ва даҳҳо нафарро мисли ӯ душвор мекард. Ӯ мегӯяд, “боре тақрибан дар солҳои 2008- ум як моҳ барқро надоданд. Қариб чӣ будани барқро фаромӯш кунем😊Мушкили дарзмол кардани либосҳоя пеш омад. Барои дарзмол кардани либосҳо ман маҷбур будам онҳоро ба хонаи аммаам ба шаҳри Душанбе барам ва дар он ҷо онҳоро дарзмол карда, ба хона баргардам”.

Лимит моли таърих шуд?

Хурсанд Ёров ва мисли ӯ садҳо ҷавони тоҷик бо хушнудӣ хабари поёни лимити барқро қабул карданд. Ширкати "Барқи тоҷик" шоми рӯзи 24-уми октябр эълон кард, ки дар фасли зимистони имсол дар Тоҷикистон дигар лимити барқ ҷорӣ нахоҳад шуд ва сокинон бе маҳдудият барқ хоҳанд гирифт. Ҳамасола дар фасли зимистон аҳолии Тоҷикистон тариқи реҷа ё лимит барқ мегирифтанд. Дар як шабонарӯз 5-6 соат.

Пурсиши рӯз: Ба хатми лимити барқ бовар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Дар баробари изҳори лағви лимит "Барқи тоҷик" аз сокинон низ даъват кард, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошанд. Муттахасисони соҳаи барқ мегӯянд, ин дархости ширкати “Барқи тоҷик” бесабаб нест, чунки ҳанӯз намешавад гуфт, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ расидааст.

Оё Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ расид?

Анатолий Колисниченко, мутахассиси соҳаи энержӣ, ки таҷрибаи 40- солаи кор дар Тоҷикистонро дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми октябр гуфт, ҳарчанд ширкати “Барқи тоҷик” аз хатми давраи лимити барқ хабар дод, аммо дар ҷумҳурӣ ҳанӯз пойгоҳҳои сад дар сад барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ кофӣ ба кор надаромадаанд.

Ӯ гуфт, албатта мутахассисони ширкат бо назардошти серобии обанборҳо ва дигар сарчашмаҳо ҳисоб кардаанд, ки имсол барқ мерасад, “аммо то замоне, ки нерӯгоҳи Роғун ба пуррагӣ ба кор надарояд, намешавад, гуфт кишвар ба пуррагӣ ба истиқлолияти энержӣ ноил шудааст”,- иброз дошт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мавзӯи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз як мушкили ҷидди иҷтимоӣ то ба ҳадди проблемаи сиёсӣ расида буд. Соли 2008-ум дар авҷи норасоии нерӯи барқ ва сардии бесобиқаи ҳаво, чандин ҳолати фавти тифлони навзод дар таваллудхонаҳо аз бебарқӣ сабт шуда буд.

Пас аз ин ҳодиса раисҷумҳур дар як ҷаласаи ҳукуматӣ масъулони соҳаро ба тундӣ интиқод карда, дастур дод “хати нерӯи барқи хонаи ӯро низ бибуранд, то ба мардум барқи бештар расад”.

Норасоии нерӯи барқ дар зимистон як мояи интиқоди мухолифин аз Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мегуфтанд, муваффақ нашуд дар тӯли солҳои истиқлолият мардумро ба пуррагӣ бо барқ таъмин кунад. Ин аст, ки эълони лағви лимити барқро коршиносон яке аз муваффақиятҳои муҳими Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат тавонист то бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳам аз роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷудбуда ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои аловӣ, мардумро бо барқ пурра таъмин кунад.

«Албатта ин яке аз дастовардҳои муҳим дар 26 соли истиқлолият аст. Агар 400 -500 миллион ҳинду бе барқ зиндагӣ карда тавонад, тоҷик дигар бе барқ зиндагӣ карда наметавонад. Дар ҳар хонаводаи тоҷик аллакай яхдон, радиову телевизор, дарзмол ва чандин асбоби электрикии дигар аст. Зиндагии моро бе барқ дигар тасаввур карда намешавад”,-афзуд ҷаноби Сафаров.

Сафаров афзуд, бо поён омодани давраи бебарқӣ дар Тоҷикистон, марҳилаи комилан наве сар шуд ва ҷумҳури дар як даҳсолаи дигар бояд аз як кишвар умудатан аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табил ёбад. Чун ба гуфтаи Сафаров, маҳз камбуди барқ монеи асосии саноатишавии кишвар буд, ки он ҳам рафъ шуд.

XS
SM
MD
LG