Рекламаи хиёбонҳои Душанбе куҷо шуданд?

Бӯҳрони иқтисодиву омилҳои дигар сабаби кам шудани таблиғот ва ҳамингуна суст шудани бозори реклама, як соҳаи сердаромади Тоҷикистон, шудааст.

Тақрибан дар як соли пеш лавҳаҳои таблиғотӣ дар хиёбонҳои Душанбе ҷойи холӣ надошт. Молу хидматрасонии ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ба ҳар навъ дар лавҳаҳои хурду бузург таблиғ мешуд. Аммо ҳоло тақрибан 50 дарсади лавҳаҳо холист ва мунтазири муштариён аст ва ё шиору овезаҳое насб шудааст, ки касе барои онҳо пул намепардозад.

Шералӣ Ҷӯрабоев, мудири ширкати Sky Central Asia/Tajikistan, сабаби коҳиши бамаротиби реклама дар лавҳаҳои хиёбонҳоро бӯҳрони иқтисодӣ, насби беш аз ҳади лавҳаҳо ва меъёри мушаххас надоштани шумораи лавҳаҳо дар хиёбонҳои пойтахт унвон кард. Ӯ 19 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "он замон ширкатҳои ироакунандаи хадамоти тоблуҳои таблиғотии хиёбонҳои Душанбе ба хотири ҷалби бештари муштариён сабқат мекарданд, ки тоблуҳои бештар дар кӯчаҳо гузоранд. Дар натиҷа таблуҳо дар хиёбонҳо аз ҳадди зарурӣ хеле бештар шуд ва низ харидорони ин тоблуҳо низ аз ҳад хеле кам шуд. Дар натиҷа вақте ки пешниҳод аз талабот бештар мешавад, тоблуҳо холӣ мемонанд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Лавҳаҳои холии реклама дар Душанбе

Ба қавли Ҷӯрабоев, ширкатҳои мобилӣ дар бозори рекламаи Тоҷикистон муҳаррики аслӣ ба шумор мераванд. То соли 2011 ҳар сол ин ширкатҳо барои таблиғоти хидматрасонӣ ба телевизионҳои давлатӣ то 500 ҳазор доллар фоида меоварданд. Аммо чун таблиғоти ширкатҳои мобилӣ ғайрирасмӣ дар телевизионҳо манъ шуд, ин сармоя ба рекламаи хиёбонҳо рехт.

Вале ҳоло ширкатҳои мобилӣ дарк карданд, ки ба рекламаи хидматрасониашон зиёд зарурат нест ва таблиғотро дар тоблуҳои хиёбонҳо низ ба маротиб кам кардаанд. Парвиз Раҳматуллоев, мудири шуъбаи корпоративии ширкати Tcell, гуфт, "мо фикр кардем, ки агар роҳи тарғиби молу маҳсулоту хидматрасониро аз тариқи интернет ва бахусус интернети мобилӣ пеш гирем, босамар аст. Чунки муколамаи ширкат бо муштариёни худ хеле муҳим аст."

Ҳамин аст, ки қимати як метри мураббаи лавҳаҳои таблиғотӣ дар Душанбе аз 12 доллари солҳои қаблӣ ба 3 доллар фаромадааст. Аммо ин ҳам дар ҷалби муштариён барои таблиғи молу хидматрасониҳо дар тоблуҳо зиёд муваффақ нашуд. Соли ҷорӣ тақрибан 30-40 дарсади тоблуҳои ширкати рекламавии "Форекс" реклама дорад. Дар ҳоле ки солҳои гузашта беш аз 50 дарсади овезаҳояшон таблиғоти тиҷоратӣ дошт.

Азамат Зикирёев, мудири ширкати "Форекс", гуфт, ​"аз таъсири буҳрони молӣ хариду фуруш камтар шудааст ва буҷаи ҳамаи ширкату корхонаҳоро маҳудуд кардааст. Ба мо ҳам таъсир кардааст ва ба кормандон мефаҳмонем, ки вазъ ҳамин хел аст ва маошу даромадҳо метавонад камтар шавад. Зеро муштарӣ кам шудааст."

Ҳоло дар Душанбе танҳо 5-6 ширкати бузурги пешниҳодкунандаи тоблу ва ё лавҳаҳои рекламавӣ дар хиёбонҳо боқӣ мондааст. Дар пайи бӯҳрони молӣ теъдоде аз ин ширкатҳо бозорро тарк карданд.