Эмомалӣ Раҳмон ҳамла дар Покистонро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф барқияи ҳамдардӣ фиристодааст.

Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 24-уми ноябр навишт, ки номаи ҳамдардӣ дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон аст.

Рӯзи 23-юми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон наздики 40 нафар кушта шуданд.

"Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум мекунем",- гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба наздикони қурбониёни ҳамла ва тамоми мардуми Покистон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон шифои комил хостааст.

Ба гузориши расонаҳои покистонӣ, дар пайи ин ҳамла 42 нафар кушта шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамла замоне рух додааст, ки мусофирбарҳо зоирони шиъаро аз Парачинор ба Пешовар мебурданд.