Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Русия ба як нишасти муҳим рафт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба шаҳри Қазон рафт, то дар як нишасти байналмилалӣ иштирок кунад. Дар ин шаҳр раҳбарони чанд кишвари азими ҷаҳон аз ҷумла Чинду Ҳинду Бразилия ширкат меварзанд, ки дар сиёсатгузориҳои байналмилалӣ нақши муҳиме доранд.