Эмомалӣ Раҳмон ба “нишасти изтирорӣ” ба Арабистони Саудӣ рафт

Эмомалӣ Раҳмон соле пеш низ ба нишасти изтирории арабию исломӣ ба Риёз рафта буд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10-уми ноябр ба Арабистони Саудӣ рафтааст, то дар нишасти муштарак ва изтирории арабиву исломӣ ширкат кунад.

Нишаст рӯзи 11-уми ноябр дар Риёз мегузарад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нагуфтааст, ки мавзӯи баҳси ҷонибҳо чӣ хоҳад буд.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ чанд рӯз пеш дар эъломияе гуфт, дар нишасти Риёз ҳамлаҳои Исроил ба Фаластину Лубнон ва таҳдидҳо ба суботи минтақа баррасӣ мешаванд.

Ин ниҳоди давлатии Саудӣ дар ҳамин эъломия идомаи, ба гуфтааш, "ҷиноят ва қонуншиканиҳо"-ро алайҳи фаластиниҳо ва ҳамлаҳоро ба Лубнон маҳкум кард.

Рӯзи 11-уми ноябри соли 2023, баъд аз панҷ ҳафтаи ҳамлаи Исроил ба Ғазза, низ дар Арабистони Саудӣ нишасти монанд баргузор шуда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон он ҳангом пуштибонии Душанберо аз "таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967" баён кард.

Ташкили давлат, шаҳракҳои исроилӣ, мақоми Байтулмуқаддас ва қазияи паноҳҷӯён аз масъалаҳои асосии баҳси миёни Исроил ва Фаластин аст.