Эълони номи панҷ боздоштшудаи дигар дар пайванд ба "Крокус"

Ин афрод то якуми декабри соли 2024 дар ҳабс хоҳанд монд

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 28-уми август муҳлати ҳабси панҷ гумонзади дигари ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро то се моҳ дароз кард. Номи ин афрод бори аввал расонаӣ мешавад.

Додгоҳи Басманний аз онҳо

  • Шаҳромҷон Гадоев
  • Зубайдулло Исмоилов
  • Мустақим Солиев
  • Умедҷон Солиев
  • Ҳусейн Ҳамидов

ном бурдааст. Онҳо бо қарори Додгоҳ то якуми декабри соли 2024 дар ҳабс мемонанд.

Саҳифаи муштараки додгоҳҳои Маскав дар Телеграм акси панҷ гумонзадро аз ҷараёни мурофиа нашр карда, гуфтааст, онҳо дар ҳамла ба толори мусиқии “Крокус” даст доштанд. Қаблан дар бораи ин афрод ва робитаи онҳо ба ҳодиса хабаре нашр нашуда буд. Ба сабаби пӯшида будани мурофиа назари худашон маълум нест.

Мурофиа паси дарҳои баста гузаштааст

Ба навиштаи саҳифаи "Baza" дар Телеграм, гумонбарон дар миёнаҳои моҳи май боздошт шудаанд. "Онҳо ба ҳамлаи террористӣ ва суиқасд ба куштор, ширкат дар фаъолияти созмони террористӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда муттаҳам мешаванд," -- гуфт манбаъ.

Аз ин пеш бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси 11 зодаи Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, дароз шуда буд.

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. То кунун беш аз даҳ нафар, бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ба ҳабс гирифта шудаанд.

Шиканҷаи ошкори боздоштшудаҳо дар рӯзҳои аввали боздошт сару садои зиёде ба по карда буд. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ин ҳамла муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфт ва вазъашон бадтар шуд. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хоста буд, бе зарурат ба Русия нараванд.