Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошт ва иттиҳоми зидди Фарҳод Неъматов расман шарҳе надоданд.
Чанд манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фарҳод Неъматов ба пайравӣ аз "Ҳизби Таҳрир", созмони динии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гумонзад шудааст.
Баъзе аз пайвандонаш ин фарзияро инкор карданд, вале дар саҳифаҳои ӯ дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ чанд матлаб дар бораи "Ҳизби Таҳрир" ва ташкили хилофат нашру паҳн шудааст. Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифон, мегӯяд, Неъматов бештар матолиби танқидӣ менавишт.
Яке аз пайвандони Фарҳод Неъматов рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парванда ҷараён дорад. "То ин дам се бор хабар гирифтем. Барояш хӯрок бурдем. Аҳволаш хуб аст, шикоят надорад, аммо вакили мудофеъ ҳам надорад. Намедонем, чӣ хоҳад шуд," – гуфт мусоҳиби мо. Ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.
Вай афзуд, мақомот се духтари Фарҳод Неъматовро барои парасторӣ ба наздиконаш супурдаанд.
Неъматов қаблан бо зану фарзандонаш дар Украина мезист ва баъд аз ҷанги Русия ба шаҳри Гётеборги Шветсия рафт. Чанд дафъа ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат карда, посухи мусбат нагирифт.
Ӯ зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Соли 2019 ҳамроҳи зану фарзандонаш аз Тоҷикистон берун шудааст.
Маълумот
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябри соли 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.
Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.