Эълони "ҳукумати низомӣ" дар Куриёи Ҷанубӣ. Порлумон "не" гуфт

Артиш дар талоши даромадан ба порлумони Куриёи Ҷанубӣ

Президенти Куриёи Ҷанубӣ дар як суханронӣ шаби 3-юми декабр дар ин кишвар "ҳукумати низомӣ" эълон кард.

Юн Сок Ёл дар порлумон бо мухолифат рӯбарӯ шуда, ваъда дод, ки нерӯҳои "зиддидавлатӣ"-ро аз байн хоҳад бурд. Вай мухолифони худро ба ҳамнавоӣ бо Куриёи Шимолии коммунистӣ муттаҳам намуд.

"Ман барои муҳофизат аз ҷумҳурии озоди Куриёи Ҷанубӣ, решакан кардани нерӯҳои манфури зиддидавлатии тарафдори Пхенян, барои муҳофизат аз Қонуни асосии озод, ҳукумати низомӣ эълон мекунам," – гуфт ӯ.

Юн Сок Ёл дар изҳороти худ ишора накард, ки чӣ чора хоҳад андешид, вале аз тарҳи порлумон барои изҳори беэътимодӣ ба баъзе додситонҳо ва рад шудани лоиҳаи буҷаи давлат ёд овард.

Раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ҳангоми суханронӣ

Ин иқдом, ки аз солҳои 1980-ум дар Куриёи Ҷанубӣ дида нашудааст, фавран аз тарафи мухолифин ва раҳбари ҳизби муҳофизакори худи Юн маҳкум шуд.

Расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории "Рейтерс", гузориш доданд, ки нерӯҳои низомии Куриёи Ҷанубӣ қасди даромадан ба бинои порлумонро доштанд, аммо бо муқовимати кормандон рӯбарӯ шуданд.

Бино ба гузоришҳо, соате баъд намояндагони Маҷлис дастури ҳукумати низомиро беэътибор эълом карданд. Тибқи Қонуни асосии Куриёи Ҷанубӣ, баъди ин раъйдиҳӣ раисҷумҳур бояд фармонро бекор кунад.

Сеул