Эълони чораҳои ҷавобии Канада ва Мексика ба тасмими Амрико

Сарҳади Амрико ва Мексика

Сарҳади Амрико ва Мексика

Мақомоти Канада ва Мексика эълон карданд, ки дар посух ба тасмими Амрико чораи ҷавобӣ меандешанд.

Амрико аз 1-уми феврал барои маҳсулоти воридии Канада, Мексика ва Чин боҷ меситонад. Аз Мексикаву Канада 25 дарсад ва аз Чин 10 дарсад.

Ҷастин Трюдо, сарвазири феълии Канада, гуфт, кишвараш ба молу колои амрикоӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, либосу пойафзол ва ҷиҳози хона 25 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.

Ӯ ҳамзамон аз шаҳрвандони кишвараш хост, бештар маҳсулоти “худӣ”-ро бихаранд ва таътилу рухсатиро на дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар Канада гузаронанд.

Клаудия Шейнбаум, президенти Мексика, ҳам изҳор дошт, ки ба тасмими Амрико тадбири ҷавобӣ меандешад. Ӯ дар шабакаи “Х” навишт, ба вазири иқтисод дастур хоҳад дод, то “нақшаи Б”-ро амалӣ кунад, аммо ҷузъиёташро ошкор накард.

Чин қасд дорад, ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шикоят кунад.

Ситонидани боҷ яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маъракаи интихоботиаш буд.

Иқтисоди Амрико ба воридот аз се кишвар бисёр пойбанд аст ва аз 20 то 25 дарсади корхонаҳои саноатии Амрико аз нафти воридотӣ аз Канада истифода мебаранд. Тақрибан 64 дарсади меваву сабзавоти мағозаҳои Амрико аз Мексика ворид мешаванд.