Си Си Ю: "Танҳо пешниҳод кардем, ки фарқият аз байн бурда шавад..."

Си Си Ю, раҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.

Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон эълон кард, ки аз боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Ҳарчанд ҳоло низ арзиши барқ дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзонтарин мебошад. Си Си Ю -- намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон рӯзи 15 март дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ин муассисаи молии байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани нархи нерӯи барқ дар кишвар машваратҳое ироа кардааст.

Си Си Ю дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, изҳори назари вай дар бораи бартараф сохтани фарқият дар арзиши нерӯи барқ барои корхонаву муассисоти мухталиф нодуруст инъикос шудааст. Ба гуфтаи раҳбари намояндаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, вай ба ҳукумат танҳо пешниҳод кардааст, ки ин фарқият аз байн бурда шавад. “Мо мушоҳида мекунем, ки барои корхонаву ширкатҳои мухталиф, аз ҷумла барои бахши хусусӣ арзиши нерӯи барқ фарқияти калон дорад."

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2.

​Тасмими ахири ҳукумати Тоҷикистон барои баланд кардани арзиши нерӯи барқ барои бархе аз муассисот қадамест барои бартараф сохтани чунин фарқият. Умедворем, ин раванд ба зудӣ ниҳоӣ карда мешавад”, - гуфтааст Си Си Ю. Тибқи як санади ҳукуматӣ бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, нархи нерӯи барқ барои муассисаҳои буҷавӣ, соҳаҳои коммуналӣ ва иншооти варзишӣ аз 14,20 дирами қаблӣ то ба 14,65 боло бурда шуд.

Қимати нерӯи барқ барои нақлиёти барқӣ низ аз 9,55 дирам то ба 14,65 дирам афзоиш ёфтааст. Нархи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ низ дар моҳҳои баҳорӣ ва тобистон аз 2,55 дирами қаблӣ то ба 5,1 дирам боло бурда шуд. Ин дар ҳолест, ки болоравии қиммати нерӯи барқ ба ширкати тавлиди алюминиюм “Талко” дахл накардааст. Ҳарчанд, манобеи огоҳ мегӯянд, ки ҳадафи аслии машвартаҳои БОР ба ҳукумати Тоҷикистон, барои боло бурдани нархи нерӯи барқ маҳз ҳамин ширкат будааст.

Боло бурдани қимати барқ яке аз шартҳои кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон аз ҷумла яке аз 13 шарти Бонки Осиёи Рушд дар назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар сурати иҷро шудани онҳо, ин бонк 50 миллион доллар маблағро ҳамчун кӯмак ба буҷа пешниҳод мекунад. Ин дар ҳолест, ки коршиносони тоҷик аз тасмими ахири ҳукумат барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ интиқод мекунанд.

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Ғуломиддин Сайфиддинов, мутахассиси соҳаи энергетика мегӯяд, ки бидуни афзоиши нархи барқ ҳам ширкати “Барқи тоҷик” фоидаи хуберо соҳиб мешавад. Вай афзуд, “тибқи ҳисобҳои охир, нархи истеҳсоли як киловатт-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 10 соли пеш 0,4 дирам буд. Он замон ҳам аҳолӣ барои як киловатт аз 4 то 6-сентӣ пардохт мекарданд. Магар созмонҳои байналмилалӣ немедонанд, ки ҳаҷми маош дар кишварҳояшон чӣ қадар асту мардуми мо чӣ маоше мегиранд? Ман чанд сол пеш ба нафақа баромадам ва ҳоло қариб 400 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Ман ба хулосае омадам, ки таҳқиқоти ин созмонҳо низ бо супориши ҳукумати кишвар анҷом шуда, дар он нархҳои дилхости ҳукуматӣ инъикос мешаванд.”

Феълан ширкати “Барқи Тоҷик” -- яке аз ширкатҳои бузурги давлатии Тоҷикистон аз ду нерӯгоҳи “Сангтӯда”, ки яке моли Русия ва дувуми моли Эрон мебошад, барои барқи тавлидшуда ба маблағи ҳудуди 2 миллиард сомонӣ қарздор мебошад. Ширкат мегӯяд, азбаски корхонаву муассисаҳо пули барқро саривақт намепардозанд, ба чунин ҳол гирифтор шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бори охир нархи нерӯи барқро се моҳ қабл - 1-уми ноябри соли 2016 бозбинӣ кард. Нархи нерӯи барқ он замон аз 12,6 қаблӣ то ба 14,65 дирам барои як киловатт/соат боло бурда шуд. Ҳукумат мегӯяд, боло рафтани қимати барқро барои мардуми камбизоат ҷуброн мекунад. Дар ҳамин ҳол қонунҳои Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ки ҳукумат ҳаққ дорад дар як сол танҳо як маротиба арзиши нерӯи барқро бозбинӣ кунад.