Ширкати барқи "Брешно де Афғонистон" тахриби як пояи барқеро, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқ интиқол медиҳад, тасдиқ кард.
Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати "Брешно" рӯзи 11 феврал дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, як пояи хатти барқи Сангтӯда-1 -- Пули Хумриро шоми сешанбеи 9 феврал дар вулусволии Данди Шаҳобуддини вилояти Бағлон таркондаанд: "Хатти барқи Тоҷикистон тавассути мина инфиҷор дода шуда буд. Феълан интиқоли барқ тавассути ин хат, ки ба Кобул, Парвон, Майдонваҳдат ва Бағлону Қундуз барқ медод, қатъ шудааст. Вале тимҳои Қундузу Бағлон пояро дубора бардоштанд ва шояд ҳамин рӯз интиқоли барқро тавассути рн хат аз сар бигиранд."
Сухангӯи ширкати "Брешно" тахриби хатти барқи Тоҷикистон ва тахриби хатти барқи Узбакистон дар поёни моҳи январро кори дасти мухолифони ҳукумати Афғонистон номид ва гуфт, ки онҳо чунин аъмолро маҳкум мекунанд: "Ҳар касе пушти ин ҳамлаҳо бошад, мухолифи ҳукумат ва мухолифи ниёзҳои мардуми Афғонистонанд. Тақозои ширкати мо аз ҷангҷӯён ҳамеша ин аст, ки ба ниёзҳои мардум эҳтиром бигузоранд ва бо тахриби хатҳои барқ ба мушкили мардум мушкили бештар зам накунанд. Хусусан дар ин фасли сармо."
Як мақоми амниятии вилояти Бағлон рӯзи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷангҷӯён шаби сешанбе ва чаҳоршанбе пояи барқи Тоҷикистонро тахриб карданд. Консулгарии Афғонистон дар Душанбе низ гуфт, аз ин ҳодиса хабар доранд. Ширкати "Барқи тоҷик" ҳанӯз дар робита ба ин ҳодиса хабаре пахш накардааст
Аз ин қабл дар авохири моҳи гузашта дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Аз тариқи ин хатти баландшиддат нерӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул мунтақил мешуд. Дар пайи тахриби он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуда буд.
Инфиҷори хатти интиқоли нерӯи барқ дар шимоли Афғонистон шакку гумонҳоеро дар мавриди таъмини амният ва фаъолияти муназзами ин хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, назири CASA-1000- хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба миён овардааст.
Ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти ин хатти барқро замонат дода ва умедворанд барои транзити ҳар киловатт-соати нерӯи барқ 1,25 сенти амрикоӣ ба даст оранд, вале идомаи даргириҳои нерӯҳои давлатии ин кишвар бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон дар манотиқи шимоли Афғонистон ин замонатро зери суол бурдааст.
Зеро ба гуфтаи коршиносон, рӯшан нест, давлати Афғонистон, ки ҳатто дар таъмини амнияти пойтахт- Кобул дасти кӯтоҳ дорад, аз кадом роҳу васила садҳо километр хатти интиқоли неруи барқро ҳифозат кунад.
Қаблан Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тарҳи CASA-1000 на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки ба фоидаи Қирғизистону Тоҷикистон ва Покистон ҳам ҳаст ва ин кишварҳо низ бояд дар таъмини амнияти ин тарҳ бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
Ӯ ба унвони мисол аз хатти интиқоли нерӯи барқ дар масири Сангтӯдаи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кундузу Пули Хумрии Афғонистон ёдовар шуда буд, ки дар зарфи 4 соли ахир фаъол аст. Ин хатти интиқоли нерӯи барқ дар моҳи октябри соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ҳамасола тавассути ин хат дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ содир мешавад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ ба дурнамои иҷрои тарҳи бунёди хати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон хушбин аст. Ӯ рӯзи 27 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: "Аз даромади тарҳи CASA-1000 сокинони Афғонистон ҳам фоида мегиранд. Яъне, ҳам бо нерӯи барқ таъмин мешаванд ва ҳам аз транзити он манфиат мебаранд. Бинобар онҳо намегузоранд касе ба хати интиқоли нерӯи барқ осеб расонад."
Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовари Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.