Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷоре, ки рӯи тарҳи CASA-1000 соя андохтааст


Ҷангҷӯёни Толибон дар Афғонистон пояи хатти интиқоли нерӯи барқибаландшиддат дар минтақаи Данди Шаҳобиддин, дар вилояти Бағлон мунфаҷир кардаанд.

Дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлони ин кишвар пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шудааст. Аз тариқи ин хатти баландшиддат нерӯи барқ аз Узбакистон ба Кобул мунтақил мешуд. Дар пайи тахриби он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ шудааст.

Масъулони ширкати барқии “Да Афғонистон Брешна” бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфтанд, “ҳанӯз рӯшан нест, ки ин пояи хатти интиқоли нерӯи барқ қасдан инфиҷор дода шуда ва ё дар ҷараёни ҷангҳо гулӯлае тасодуфан исобат карда ва мунфаҷир шудааст.2

Пояҳои зиёди хатти интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи таҳти назорати гурӯҳи Толибон вуҷуд дошта ва барои аввалин бор ҳодисаи инфиҷори поя иттифоқ афтодааст.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бағлон гуфтаанд, дар сурати поксозии ин минтақа аз ҷангиёни гурӯҳи Толибон пояи тахрибшуда дар зудтарин фурсат тармиму бозсозӣ хоҳад шуд. Феълан дар минтақаи Данди Шаҳобиддин даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва неруҳои амниятии Афғонистон ҳамчунон идома доштааст.

Инфиҷори хатти интиқоли нерӯи барқ дар шимоли Афғонистон шакку гуомнҳоеро дар мавриди таъмини амният ва фаъолияти муназзами ин хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, назири CASA-1000 - хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба миён овардааст. Ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти ин хатти барқро замонат дода ва умедворанд барои транзити ҳар киловатт-соати нерӯи барқ 1,25 сенти амрикоӣ ба даст оранд, вале идомаи даргириҳои нерӯҳои давлатии ин кишвар бо ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон дар манотиқи шимоли Афғонистон ин замонатро зери суол бурдааст.

Зеро ба гуфтаи коршиносон, рӯшан нест, давлати Афғонистон, ки ҳатто дар таъмини амнияти пойтахт - Кобул дасти кӯтоҳ дорад, аз кадом роҳу васила садҳо километр хатти интиқоли неруи барқро ҳифозат кунад.

Қаблан Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон,дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тарҳи CASA-1000 на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки ба фоидаи Қирғизистону Тоҷикистон ва Покистон ҳам ҳаст ва ин кишварҳо низ бояд дар таъмини амнияти ин тарҳ бо Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.

Ӯ ба унвони мисол аз хатти интиқоли нерӯи барқ дар масири Сангтӯдаи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кундузу Пули Хумрии Афғонистон ёдовар шуда буд, ки дар зарфи 4 соли ахир фаъол аст. Ин хатти интиқоли нерӯи барқ дар моҳи октябри соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ҳамасола тавассути ин хат дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 600 миллион киловатт/соат нерӯи барқ содир мешавад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ ба дурнамои иҷрои тарҳи бунёди хати интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон хушбин аст. Ӯ рӯзи 27 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: "Аз даромади тарҳи CASA-1000 сокинони Афғонистон ҳам фоида мегиранд. Яъне, ҳам бо нерӯи барқ таъмин мешаванд ва ҳам аз транзити он манфиат мебаранд. Бинобар онҳо намегузоранд касе ба хати интиқоли нерӯи барқ осеб расонад."

Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовари Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG