Отамбоевро кӣ иваз мекунад? Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон. ПАХШИ ЗИНДА

Дар Қирғизистон ва намояндагиҳои расмиаш дар хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистон, субҳи 15-уми октябр раъйдиҳӣ барои интихоби раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар шурӯъ шуд. Қирғизистон таҷрубаи ками интиқоли осоиштаи қудратро дорад. То кунун ду раиси ҷумҳури ин кишвар дар пайи инқилобҳо аз мақоми худ барканор ва фирорӣ шудаанд.

Ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи Қирғизистон дӯхта шудааст - кишваре, ки бо дастовардҳои демократиаш дар миёни кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Кишваре, ки шоҳиди ду инқилоб дар солҳои 2005 ва 2010 буд ва бо барканории Аскар Оқоев ва Курмонбек Боқиев анҷомид.

Имрӯз беш аз се миллион афроди соҳиби раъй бояд тақдири худу кишварашонро аз миёни даҳ номзад ба яке бовар кунанд. Дар оғоз довталабони курсии президентӣ дар Қирғизистон ба тақрибан шаст нафар баробар буд. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ фақат ба 13 нафари онҳо иҷоза дод, ки вориди рақобат шаванд.

Ҳоло дар варақаҳои раъйдиҳӣ номи 13 довталаби курсии президентӣ навишта шудааст. Аммо пас аз нашри варақаҳои раъйдиҳӣ чанде аз номзадҳо аз идомаи рақобат даст кашиданд. Қамчибек Тошиев, намояндаи ҳизби "Ота Ҷурт" аз аввалин номзадҳое буд, ки гуфт, аз довтабалӣ барои курсии президентӣ даст кашидааст ва дар интихобот аз номзадии Сооронбой Ҷеенбеков ҳимоят мекунад. Ба ин мазмун раҳбари ҳизби "Онугуу-Прогресс" Бакит Торобоев низ ариза навишт, вале гуфт, номзадияшро ба нафъи Омурбек Бабанов пас мегирад.

Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи Қирғизистон, ҳангоми раъйдиҳӣ

Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон гуфтанд, дар ин муддат имкон пайдо шуд, ки болои номи ин ду нафар дар варақаҳои раъйдиҳӣ хат бизананд. Вале номи Азимбек Бекназаров, ки ҳамагӣ се рӯз пеш аз интихобот аз идомаи рақобат даст бардошт, дар варақаҳо дар шакли асл боқӣ мондааст.

Пешгӯӣ мешавад, ки рақобати асосӣ миёни ду номзад – намояндаи ҳизби ҳокими сотсиал-демократ Сооронбой Ҷеенбеков ва номзади мустақил Омурбек Бабанов сурат мегирад. ​Назархоҳиҳои мухталиф шанси ин ду номзад барои пирӯзӣ дар интихоботро зиёд арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мешавад, ки имкони баргузории даври дуюми интихобот зиёд аст.

Рақобати ду номзад дар ҳафтаҳои охири пеш аз интихобот шиддат гирифт ва сабаби он ҳам мулоқоти Бабанов бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд. Президент Алмосбек Отамбоев ин мулоқотро ҳамчун мудохила ба умури дохилии Қирғизистон маҳкум кард ва баъд аз ин фаъолона пуштибонӣ аз номзадии Ҷеенбековро дар манотиқи кишвар ҳам идома дод.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки беш аз ҳафтсад нозири хориҷӣ ҷараёни интихоботро назорат мекунанд. Тоҷикистон ҳам барои назорат аз ҷараёни интихоботи кишвари ҳамсояи худ ду нафарро фиристодааст. Натиҷаҳои интихобот на дертар аз 4-уми ноябри имсол эълон хоҳад шуд.

Моҳи декабр замони раёсати Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон ба поён мерасад. Раиси ҷумҳури нав бояд то 7-уми декабр савганд ёд кунад. Аммо ин кор танҳо замоне имконпазир хоҳад буд, ки номзад беш аз панҷоҳ дарсади раъйро соҳиб шавад. Дар ғайри сурат интихобот ба даври дувум кашонда мешавад.

Ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи Қирғизистон дӯхта шудааст - кишваре, ки бо дастовардҳои демократиаш дар миёни кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Кишваре, ки шоҳиди ду инқилоб дар солҳои 2005 ва 2010 буд ва бо барканории Аскар Оқоев ва Курмонбек Боқиев анҷомид. Тасмими Алмосбек Отамбоев барои канор рафтан аз қудрат пас аз як давраи шашсолаи ҳукмронӣ, аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ҳамчун нишонаи ислоҳоти демократӣ, истиқбол мешавад.

Аммо иддао дар бораи фишор ба раъйдиҳандагон дар ҷараёни маъракаҳои интихоботи феълӣ ва ҳамчунин гузоришҳо аз он чи мунтақидон мегӯянд, барномаи Отамбоев аст, ки пас аз рафтан аз қудрат мехоҳад аз пушти саҳна ҳукмронӣ кунад, нигарониҳоеро дар бораи ояндаи ислоҳоти демократӣ дар он кишвар, ба миён овардааст.