8 март - 8 метр атлас ба занони Хатлон

Махфират Хидирова ба ҳангоми тақдири занҳои фаъоли Хатлон

Мақомот дар вилояти Хатлон 300 зани касбу кори гуногунро як куртаворӣ атлас тақдим карданд.

Ҳукумати вилояти Хатлон 306 занро, ки соҳиби касбу кори гуногун ҳастанд, бо 8-метрӣ атлас қадрдонӣ кард. Ҳукумати вилояти Хатлон ин тӯҳфаро баъди анҷоми нишасте ба ифтихори “Рӯзи модар" ба фаъолони вилоят - занҳои касбу кори гуногун дар минтақа тақдир кардааст. Санавбар Самиева, раиси бахши занони вилояти Хатлон рӯзи 8 март дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳукумати вилоят 306 зани фаъол, ки миёни онҳо фаррошу роҳрӯб, пешхизмату соҳибкор ва духтуру омӯзгору роҳбар ҳастанд, бо тӯҳфаи хотиравии атласи миллӣ қадрдонӣ намуд”.

Хонум Самиева гуфт, ки як баҳонаи дигари интихоби чунин тӯҳфа ташвиқи пӯшидани либоси миллӣ миёни занону духтарони тоҷик аст.

Дар як иқдоми ҷудогона, ба иттилои Малика Шукурова, муовини сардори раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон, ҳудуди 100 зан, ки дар соҳаи маорифи вилоят хизмат мекунанд ва дар гузашта ҳам омӯзгор ва мудири маориф буда ҳоло бознишаста шудаанд, бо порчаҳои атлас ва рамзи баҳор - гули сиёҳгӯш қадрдонӣ шудаанд.

Атлас аз либосҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки маъмулан барои ҷашну

идҳо дӯхта мешавад. Мақомоти Тоҷикистон, ки пайваста аз хатари фарҳанги бегона бонги изтироб мезананд, мӯътақиданд, ки таъсири ақидаҳои "барои фарҳанги миллӣ бегонаи" ифротгароии мазҳабӣ аз таваҷҷӯҳ ба сару либоси бегона шурӯъ мешавад. Дар давоми чанд соли охир дар сатҳи расмӣ дар Тоҷикистон пӯшидани сару либоси мазҳабии "ғайритоҷикӣ", мисли ҳиҷобу ниқоб манъ шуд. Ин маҳдудият бахусус дар муассисаҳои давлатӣ ва таълимӣ ҷорӣ шуда, ҳамчунин дар бозору фурӯшгоҳҳои саросари кишвар фурӯши либосҳои мазҳабӣ ҳам маҳдуд шуд. Дар даъватҳои мақомоти Тоҷикистон борҳо бозгашт ба фарҳанги миллии либосҳои миллӣ садо додааст.

Хатлон аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон буда ҳудуди 3 миллион ҷамъият дорад. Аз ин теъдод 49,8 дар сади ҷамъияти Хатлонро занон ташкил медиҳад.