Ба фарқ аз идҳои гузашта, ки сокинон бештар барои қурбонӣ гӯсфанд мехариданд, имсол буз таваҷҷӯҳи бештарро ба худ кашидааст. Тоҷирон мегӯянд, афзоиши бемории фишори хун дар кишвар сабаб шудааст, то бисёриҳо аз хӯрдани гӯшти гӯсфанд худдорӣ кунанд. Аммо ин ҳол ба нархномаҳои молбозори Душанбе гӯиё таъсире надошт. Дар арафаи ид дар ин ҷо як буз аз 500 то 1,5 ҳазор сомонӣ, вале як гӯсфанд аз 1000 то 3000 ҳазор сомонӣ арзиш дошт.
Раҳматулло Табаров, як молпарвар аз ноҳияи Варзоб, ки махсус барои ид беш аз 100 сар молро ба бозор оварда буд, гуфт, кораш хеле бобарор буду тавонист то 20 сар бузро савдо кунад: “Ҳафтаҳои қаблӣ дар як рӯз танҳо аз 5 то 8 чорво ба фурӯш мерафт. Нархи чорво имсол чандон гарон нест дар арафаи ид. Ҳама табақаи мардум харидорӣ доранд, онҳое, ки имконашон камтар аст, бузҳои арзонтар ва онҳое, ки боз шароити беҳтар доранд чорвои азимҷуссаро харидорӣ мекунанд. Чунки мол хеле зиёд шудааст. Ин чорвои деҳқонии худамон аст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Молдорон аз моҳҳо пеш ба Иди Қурбон омодагӣ мегиранд ва имсол аз он шоданд, ки тавони харидории мардум бештар шуда, одамон талош мекунанд чорвои сергӯшту парвардаро харанд. Умар Юсуфов, номзади илмҳои кишоварзӣ, ки молпарварӣ ҳам мекунад, мегӯяд: “Кишвари мо, ки аксар сокинонаш мусалмонанд, новобаста ба шароит ҳаракат мекунанд, ки зиёдтар хайру қурбонӣ кунанд. Онҳое, ки шароиташон камтар аст, бузи арзонтар то 400-500 сомон мехаранд.”
Қурбонӣ аз одатҳоест, ки мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон пас аз анҷоми намоз иҷро мекунанд. Бар пояи ривоятҳои динӣ, қурбонӣ аз замони ҳазрати Иброҳим боқӣ мондааст, ки мехост, барои Худованд фарзандаш Исмоилро қурбон кунад, аммо Худованд пас аз озмудани садоқати ӯ гусфандро барои қурбонӣ мефиристад. Зоҳиран, аксари онҳое, ки ин маросимро иҷро мекунанд, ба таври гуногун дар бораи қурбонӣ маълумоти комилу нокомиле доранд, ё мегӯянд, ба хотири “савоб”-и ид ин одатро анҷом медиҳанд. Нурмуҳаммад Сабуров, ки бо нияти қурбонӣ аз молбозор гӯсфанде харидаву бо он андармон буд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, танҳо ҳамин чанд соли охир ин имконро пайдо кардааст, ки дар иди Қурбон чорво бихараду забҳ кунад. “Ман ҳоло қассоб ҳастам, ин гӯсфандро харидам ва ва бовар дорам, 25 кило гӯшт дорад. Дар гузашта дар як корхонаи давлатӣ кор мекардам ва бо маоше, ки мегирифтам имкони қурбониро надоштам. Ҳоло Худоро шукр чунин имкон дорам ва ба хотире қурбонӣ мекунем, ки ин яке аз рукн ё суннатҳои дини Ислом аст. Ба шарте, ки имконат бошад ва аз ду ҳазору панҷсад доллар бештар дошта бошӣ, қурбонӣ бароят воҷиб мешавад”,-гуфт мусоҳиби мо.
Айни видео дар Ютюб
Аммо ба гуфтаи Нурмуҳаммад Сабуров, ҳоло на ҳама аз рӯйи эътиқод ва шароит ин суннати Иди Қурбонро анҷом медиҳанд, балки бархе аз рӯи сабқат ва орзуву ҳавас ҳам ин корро мекунанд. Воқеан, қурбонӣ кардан ё забҳи чорво дар рӯзи Иди қурбон на ба ҳама сокинони Тоҷикистон, ки аксаран аз 400 то 1500 сомонӣ маош мегиранд, даст медиҳад. Ҳасан Одинаев, як сокини солманди пойтахт, ки дар муассисае посбон аст, мегӯяд, ӯ боре дар умраш қурбонӣ накардааст ва ба ҷои ин дар идҳо ба ниёзмандон мувофиқи имкон як миқдор маблағ хайр мекунад: “Шароит набошад, зарур нест қурбонӣ кардан. Одатан дар роҳҳо ба ягон талбанда чанд сомонӣ кумак мекунам. Ба назарам, аз ин ки ғайри тавони худ қурбонӣ кунӣ, сари касеро сила кардаву некӣ кунӣ ин беҳтар аст.”
Иди қурбон иди саховату меҳрубонӣ бар фақирон дониста мешавад ва маросими асосии он дар сафари Ҳаҷ ба амал меояд. Бино ба иттилои Кумитаи дин, зоирони тоҷик имсол дар Макка 6 ҳазор гӯсфандро қурбонӣ хоҳанд кард. Ид имсол бо тасмими Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷуми октябр таҷлил мешавад, дар ҳоле ки дар аксари кишварҳои мусулмони суннимазҳаб 4-уми октябр рӯзи ид эълон шудааст.