Гуфтугӯи видеоӣ. Эҳтимоли додани сабукӣ ба зиндониён дар Узбекистон

Акс аз бойгонӣ

Вакилон дар Узбекистон дар хониши аввал тарҳи қонунеро қабул карданд, ки бар асоси он ба зиндониён ҳақ дода мешавад бо наздиконашон суҳбатҳои видеоӣ дошта бошанд.

“Газета.уз” дар ин бора рӯзи 18-уми декабр бо такя ба иттилоияи порлумони Узбекистон хабар дод.

Манбаъ ин иқдомро “инсонӣ” номид, ки “бо истифода аз фанновариҳои нав ба ислоҳи зудтари маҳбусон ва ҳамоиши онҳо бо ҷомеа баъди раҳоӣ аз зиндон мусоидат хоҳад кард”.

Агар тарҳи қонун ба ин шаклаш қабул шуд, вобаста ба хусусияти ҷазову муҳлаташ ба зиндониҳо дар як сол то 24 бор имкони барпо кардани суҳбатҳои видеоӣ фароҳам мешавад.

Вакилони порлумони Узбекистон гуфтаанд, чунин суҳбатҳо зери назорати маъмурияти зиндон ҷараён хоҳанд гирифт.