Мухолифини ҳукумати Миср мегӯянд, агар бӯҳрони сиёсии феълӣ роҳҳали муносибе пайдо накунад, интихоботи парлумониро таҳрим хоҳанд кард.
Мухолифини ҳукумати Миср мегӯянд, агар раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ роҳҳалли муносиби бӯҳрони сиёсии феълиро пайдо накунад, интихоботи парлумониро таҳрим мекунанд. Эътилофи аҳзоби мухолиф пешниҳод кардааст, ки то рӯзи интихобот дар кишвар "ҳукумати наҷоти миллӣ" таъсис шавад.
Дар дувумин солгарди инқилоби Миср, ки ба сарнагунии низоми Ҳуснӣ Муборак анҷомид, ин кишвар шоҳиди даргирии ҳазорон нафар аз эътирозкунандагон бо нерӯҳои амниятӣ дар манотиқи мухталиф буд. Муътаризон Муҳаммад Мурсиро муттаҳам карданд, ки аз демократияи навпои Миср ба фоидаи гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, эълони ҳукми эъдоми 21 нафари муттаҳам дар бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид ба оташи хушунатҳо дар Миср равған рехт. Бар пояи хабарҳо, дар задухӯрдҳо дар шаҳри Порт-Саиди Миср 31 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 300 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Одамон ба нишонии эътироз алайҳи ҳукми эъдоми 21 нафари муттаҳам дар ташкили бенизомиҳо ва ҳалокати одамон дар варзишгоҳ дар тақрибан як соли пеш ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд ва талоши забти боздоштгоҳро карданд.
1-уми феврали соли гузашта бар асари бенизомиҳо, баъд аз бозии футбол миёни дастаҳои маҳаллии “Масрӣ” ва “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид, 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъд аз он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи “Аҳлӣ” ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.
Додгоҳ ҳамаи 21 нафарро дар ташкили бенизомиҳо ва куштори одамон муттаҳам хонд. Қарор аст, ҳукми 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон мешавад.
Шӯрои мудофиаи миллии Миср таҳти раёсати раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ хостори муколамаи умумимиллӣ шудааст. Ҳамзамон ин Шӯро имкони ҷорӣ кардани қуюди шабгардӣ дар минтақаҳои гирифтори бархӯрдҳоро аз эҳтимол дур намедонад.