Якуми феврали соли гузашта дар бетартибиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаи маҳаллии “Масрӣ” ва дастаи “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи “Аҳлӣ” ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.
Додгоҳ ҳамаи 21 нафарро дар ташкили бенизомиҳо ва куштори одамон муттаҳам хонд. Қарор аст ҳукми 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон мешавад. Аз ҳукми додгоҳ бисёриҳо истиқбол карданд ва аммо наздикону пайвандони муҷримон ба нишони эътироз ва ба хотири раҳо кардани маҳбусон ба боздоштгоҳ ҳамла карданд. Миёни онҳо ва полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки боиси ҳалокати 22 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз сад каси дигар гардид.
Порт-Саид ба боз як шаҳри ноороми Миср табдил шуд. Аз ин пеш рӯзи ҷумъа дар аввалин солгарди ошӯби зидди режимии Ҳуснӣ Муборак тазоҳуроти зидди ҳукумати нав дар шаҳрҳои Қоҳира, Суетс, Искандария, Исмоилия, Дамёт низ ба бархӯрди эътирозгарон бо полис печид.
Хабаргузории Рейтер бо такя ба табибон гуфтааст, ки ҳашт нафар, аз ҷумла, як корманди полис, дар шаҳри Суетс кушта шуданд. Боз як эътирозгарр дар шаҳри Исмоилия ҷон бохтааст. Хабаргузорӣ ҳамчунин навштааст, ки бар асари даргириҳо 280 ғайринизомӣ ва 55 тан аз нерӯҳои амниятӣ ҳам ҷароҳат бардоштаанд.
Рӯзи шанбе ба хиёбонҳои шаҳри Суэтс низомиён ва тонкҳо ворид шуданд то аз идомаи бенизомиҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Эътирозгарон аз раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ барои он домангиранд, ки ба ваъдаҳои худ содиқ нест ва фақат аз манфиатҳои ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” пуштибонӣ мекунад.Яке аз онҳо, ки худро Ҳамуд Рашид муаррифӣ кардааст, ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки "ин вокуниши табиӣ ба кишварест, ки назар ба замони қудрати Муборак дар вазъи бадтар қарор гирифтааст. Ин вокуниши табии одамонест, ки ягон самари инқилобро эҳсос накардаанд. Онҳо инқилобро аз инқилобгарон рабуданд ва мо ин ҷо бо ризояти Оллоҳ бояд инро ислоҳ кунем".
Раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ ахиран аз шаҳрвандони Миср хост, ки аз хушунат даст бардоранд ва афкори худро аз роҳи осоишта баён созанд.