305 кушта. Вокунишҳо аз Тоҷикистон то Амрико ба ҳамлаи маргбор дар Миср

Додситонии Миср рӯзи 25-уми ноябр эълон кард, ки теъдоди кушташудагон дар пайи ҳамла ба масҷиди сӯфиён дар нимҷазираи Сино ба 305 нафар расид. Аз ин шумор 27 нафар кӯдак будаанд. Додситонии Миср, инчунин, гуфт, дар ҳамла ба масҷиди Сино тақрибан сӣ нафар иштирок карда, дар дасти онҳо парчами гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дида шудааст. То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеч гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.​

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони чанде аз кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи рӯзи 24-уми ноябр ба як масҷид дар нимҷазираи Синои Мисрро ба шиддат маҳкум карданд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ин ҳамларо ваҳшатнок ва буздилона хонд. Ӯ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “ҷаҳон набояд терроризмро таҳаммул кунад ва террористон бояд аз роҳи низомӣ шикаст дода шаванд.”

Ончи дар Сино иттифоқ афтод, инъикоси воқеии талошҳои мо дар баробари терроризм аст. Миср бо терроризм рӯ ба рӯст ва ба намояндагӣ аз минтақа ва тамоми ҷаҳон алайҳи ин падида мубориза мекунад.

Аз тарафи дигар Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, навишт, кишвараш аз мубориза бо тамоми шаклҳои терроризм комилан ҳимоят мекунад ва дар канори мардум ва ҳукумати Миср меистад. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар Твиттер ба хонаводаи қурбониёни ҳамлаи рӯзи гузашта дар Миср изҳори таслият гуфтааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттереш низ бо шадидтарин лаҳн ҳамлаи маргбор дар як масҷид дар Мисрро маҳкум карда, хостори муҷозоти омилони ин ҳодиса шуд. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як эъломия ин ҳамларо амали зишт ва буздилона хонд ва таъкид кард, ки ҳамагуна амалҳои террористӣ, бидуни дарназардошти ангезаи он, ҷиноят ва ғайри қобили қобили тавҷеҳ аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ рӯзи 25-уми ноябр ҳамла дар нимҷазираи Синои Мисрро “амали золимона” хонд ва дар номаи таслият ба Абдулфаттоҳ Сисӣ гуфт, “ин хабар боис ба андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид”. Вай афзудааст, “мо бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд.”

Абулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср, пас аз ин ҳодиса нишасти изтирории амниятиро баргузор кард ва гуфт, ба ин амали террористӣ посухи ҷиддӣ хоҳад дод. Ӯ гуфт, "ончи дар Сино иттифоқ афтод, инъикоси воқеии талошҳои мо дар баробари терроризм аст. Миср бо терроризм рӯ ба рӯст ва ба намояндагӣ аз минтақа ва тамоми ҷаҳон алайҳи ин падида мубориза мекунад. Тамоми ин чизҳое, ки иттифоқ меафтад, кӯшиш барои ҷилавгирӣ аз талошҳои мо дар муқобили терроризм аст. Кӯшиш барои аз даст гирифтани иродаи мо ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати мо зидди барномаҳои ҷиноятӣ ва ваҳшатнок аст. Барномаҳое, ки ҳадафаш нобудии ончи дар минтақаи мо боқӣ мондааст, мебошад."

Абдулфаттоҳ Сисӣ бо Доналд Трамп

Расонаҳои хабарии Миср мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино 305 нафар кушта шуд. Дар ин ҳамла ҳамчунон даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати Миср дар шаҳри Бир-ал-Абд, воқеъ дар 40-километрии Ал-Ариш - маркази маъмурии нимҷазираи Сино се рӯзи мотам эълон кард.

Хабаргузории “Ассошиайтед пресс” аз нақли афсарони полис навиштааст, ки масъулони ҳамла рӯзи ҷумъаи 24-уми ноябр савори чаҳор мошин ба масҷид наздик шуда, ибтидо маводи таркандаро мунфаҷир намуда, сипас дар ҷараёни намози ҷумъа болои намозгузорон оташ кушоданд. Ин ҳамла болои намозгузорон дар ҳолест, ки ҳукумати Миср бар зидди даҳшатафканони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли нимҷазираи Сино амалиёт роҳандозӣ кардааст.