Зилзила хисороти ҷонӣ надошт? (ВИДЕО)

Паёмадҳои зилзила дар Арбобдараи Ваҳдат

Мақомоти тоҷик мегӯянд зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст. Вале чанде аз сокинони Ваҳдат аз марги як кӯдак хабар медиҳанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр ба Озодӣ гуфт, ки то ҳол дар пайи заминҷунбӣ хисороти ҷоние ба қайд гирифта нашудааст. Вале як манбаъ аз ноҳияи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари заминҷунбии рӯзи 10-уми ноябр як кӯдаки ноболиғ дар деҳаи Найдараи шаҳри Ваҳдат зери девор монда, ҳалок шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин кӯдак дар як тӯй дар ин деҳа ҳамчун меҳмон қарор доштааст. Ориф Нозимов фавти як кӯдак дар рӯзи зилзиларо таъйид кард, вале гуфт, ки ӯ аз қабл бемор будааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, рӯзи 11-уми ноябр нахустин кумакҳо, аз ҷумла ёриҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагони зилзила расонда шуд.

Фотимаву Зӯҳрои навзод баъди заминларза дар кӯча мондаанд

Фотимаву Зӯҳро, ду хоҳари якмоҳаи дугоник дар Арбобдара, деҳаи осебдида аз зилзилаи 10 ноябр дар ноҳияи Ваҳдат имшабро ҳам дар ҳавлӣ рӯз мекунанд.

Саидбегим Хоҷаева, модаркалони 64 – солаи ин ду навзод рӯзи 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, се дар хонаи зист ва ҳамаи оғилу ошхонаву ташнобашон пурра тахриб шудаанд. Вай афзуд, ҳоло аъзои се оила ва ҳам чорвои хона дар ҳавлӣ шабро рӯз мекунанд: «Дигар хонае надорем, ки шаб сар дарорем. Шаби гузашта хоб надоштем. Тифлон хунук нахӯранд, гуфта, бехи девор бурдем, аммо боз замин ҷунбид ва онҳоро берун оварда, дар бағал гирифта шиштем. Худам ҳам маризам, фишорам баланд шудааст. Одами калон як ҷандаву ҷиғел печонда, як бало мекунад, аммо намедонем, бо кӯдакони хурд чӣ кор кунем?»

Хоҷаеваҳо танҳо хонадони сокини Арбобдара нестанд, ки бар асари зилзилаи панҷбаллии субҳи 10 ноябр бехонаву дар шудаанд ва дар ҳоли шок қарор доранд. Бақия сокинон низ аз зилзила хотираҳои хуш надоранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Асароти заминларза



Моҳира Пирова, духтари хонадони Пировҳо дар деҳаи Арбобдара мегӯяд, вақте замин ҷунбид, ки гаҳвораи тифли янгаашро меҷунбонд. Вай афзуд, аввал нафаҳмид, ки чӣ рух медиҳад: «Шишта будам, ки оина дар болоям афтид. Бо як даст гаҳвораро дошта, бо дасти дигар кӯдакро аз гаҳвора кашида гирифтам. Оинаро сар дода, берун баромадам ва фарёд задам. Дар хонаи ҳамсоя тӯй буд. Модарам аз хона баромад, ки оби ҷӯш рӯи дасташ рехт. Боз фарёд задам.Тарсидем...»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Паёмадҳои заминларза дар Ваҳдат


Дар деҳа интиқоли нерӯи барқ пурра қатъ шудааст. Бино ба иттилои Ҳусниддин Шарипов, раиси ҷамоати Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат, аз 134 оилае, ки дар Амондара зиндагӣ мекунанд, 56 хонавода пурра аз манзили худ маҳрум шуда, 53 манзили дигар барои зист хатарнок шудаанд ва бақия хонаводаҳо осеби камтар дидаанд. Вай афзуд: «Он чӣ мушоҳида кардем, ин аст ки бештар хонаҳои бо пойдевори бобоӣ тахриб дидаанд ва хонаҳое, ки пойдевори бетонӣ доранд, осеби ҷиддӣ надидаанд. Хонаҳоеро, ки пурра тахриб дидаанд, бояд аз нав сохт.»

Зилзила асосан ба 8 деҳаи ҷамоати Карим Исмоилов, ба шумули Арбобдара, дар Найдара, Меҳнатобод, Гулдара, Сангпар ва ғайра, ҳудуди 70 хонаро пурра тахриб кардааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар 11 деҳаи ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Бӯронов ва Чорсӯи шаҳри Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хонаи дигар қисман валангор шудаанд.

Арбобдара баъди заминларза

Дар ҳамин ҳол, иддае аз сокинони Арбобдара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки на ҳамаи хонаҳои тахрибшуда ва барои зист номувофиқи ин деҳа сабти ном шудаанд. Гурез Нозимов, як сокини Арбобдара мегӯяд: «Қариб сад дар сади манозили деҳа тахриб шудаанд. Албатта, ин кори Худо аст. Мо аз Худо медонем. Лекин вақте ҳисобу китоб мекунанд, бигзор ҳамаро ба назар гиранд. Агар бовар накунед, хона ба хона гашта бинед. Ягон манзили обод нест.»

Ба қавли сокинон, то ин лаҳза ҳеҷ гуна кӯмакеро дастрас накардаанд ва маълум нест, ки хоҳарони дугоник – Фотимаву Зуҳро то кай шабҳоро дар ҳавлӣ сипарӣ хоҳанд кард…

Зилзила 363 хонаро тахриб кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи як шабонарӯз се маротиба замин ҷунбидааст, аммо хисорот асосан зимни зилзилаи соати 10 – и субҳ дар навоҳии Рӯдакӣ ва Ваҳдат ба миён омадаанд. Дар ду мавриди дигар, соати 17 - и рӯзи 10-уми ноябр ва соати 7-и рӯзи 11-уми ноябр хисорот ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба ин манбаъ, маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расида, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари 3 заминҷунбии як шабонарӯзи охир, дар ноҳияи Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хона қисман валангор гардидаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 11-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар заминҷунбии соати 10-15 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр дар 11 деҳаи ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Буронов ва Чорсӯи шаҳри Ваҳдат 104 хона пурра ва 259 хонаи дигар қисман валангор шудаанд. Вале ба гуфти Нозимов, дар ду заминҷунбии дигар, соати 17-03 дақиқаи рӯзи 10-уми ноябр ва соати 7-05 дақиқаи рӯзи 11-уми ноябр хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфти Ориф Нозимов, дар ҳарсе заминҷунбии яашабонарӯзи охир хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Феълан бо роҳбарии Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар як коммиссияи корӣ барои бартараф кардани хисороти ҳодиса ва расонидани кӯмакҳои аввалия барои зарардидагони зилзила ташкил шудааст. Ба гуфтаи манбаъ комиссияи корӣ оқибатҳои ҳодисаро тафтиш дорад ва хисороти молии ин ҳодиса муайян карда мешавад.

3 зилзила дар як шабонарӯз

Паёмадҳои зилзила дар Арбобдараи Ваҳдат.

Маркази зилзилашиносии ҷумҳуриявӣ заминларзаи соати 7-05 дақиқаи рӯзи 11-уми ноябрро 3,9 балл ва марказашро 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе гуфтааст. Ин сеюмин зилзила дар як шабонарӯзи охир аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон рух медиҳад. Аз ҳама зилзилаи сахте, ки рӯзи 10-уми ноябр ба қайд гирифта шуд, марказаш дар 26 километрии ҷанубу шарқии Душанбе аст, ки дар марказаш 5,1 бал будааст.

Бар асари заминларзаи субҳи якшанбе деворҳои чанде аз манзилҳои истиқоматии рустои Чаманзори ноҳияи Ёвон кафида, сақф(потолок)-и як хонаи дигар қисман фурӯ рафтааст.

Хабарнигори Озодӣ, ки дар лаҳзаи заминларза дар рустои Чаманзор, воқеъ дар ҳамагӣ 5-километрии Султонобод қарор дошт, мегӯяд, заминларза хеле кӯтоҳ буд, ҳадди аксар ним дақиқа, вале "бо чунон шиддат, ки ҳатто шиферҳо дар боми хонаҳо овоз бароварданд." Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, дар Чаманзор, ки аз Султонобод- маркази заминларзаи субҳи 10-уми ноябр ҳамагӣ 5 километр дур будааст, деворҳои чанд хона, асосан хонаҳои гилие, ки деворҳояш бидуни пойдевор(фундамент)-и сементӣ сохта шудаанд, кафиданд.

Деворҳои чанде аз биноҳо дар зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр осеб диданд. Дар акс девори масҷиди деҳаи Чаманзор.

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, дар натиҷаи ин офат каме масҷиди русто осеб дида, деворҳои гилиаш ҷағидаанд. Як сокини дигари Чаманзор аз фурӯ рафтани як қисми сақфи хонааш хабар додааст.

Хабарнигорони Озодӣ аз қавли сокинони рустоҳои ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар 26-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, аз тахриби чанд манзил дар ин ҷамоат бар асари заминларзаи субҳи якшанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, деворҳои дастикам ду манзил дар рустои Анҷири ҷамоати Султонобод фурӯ рехта, аз осеб дидани манзилҳо дар рустои Тулкии ин ҷамоат низ гузориш мерасад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ин офати табиӣ дар ин ду рустои воқеъ дар маркази заминларзаи субҳи якшанбе фақат хонаҳои гилин осеб дидаанд ё хайр.

Наргис Нурова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин лаҳза дар бораи кадом хисороти ҷонӣ ё молии заминларзаи субҳи 10 ноябр ба онҳо расман гузориш нашудааст. Вале ӯ афзуд, ниҳодҳои фавқулодда барои омӯзиши вазъ дар маркази заминларза, яъне деҳоти ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ, сафарбар шудаанд ва ба зудӣ бояд дар бораи осеби расида дар натиҷаи ин офати табиӣ гузориши дақиқтар бидиҳанд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, заминларза ҳарчанд кӯтоҳ буд, вале тамоми дару девор ва ашёҳои рӯзгор, бо шумули ҷевону яхдони мардумро ларзонд. Ӯ мегӯяд, мардум билофосила ва бо талвоса ба берун рехтанд ва то хеле муддати дигар, ҳатто баъди онки заминларза таскин ёфт, ҷуръати баргаштан ба хонаҳои худро намекарданд. Ҳамчунин аз куҳу ҷариҳо афтиши сангу кулух мушоҳида шудааст.

​Заминларзаи шадид соати 10:16 дақиқа ба вақти Душанбе Тоҷикистонро такон дод. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки маркази зилзила дар минтақаи Султонобод, 20-километрии ҷанубу шарқи пойтахт воқеъ буда, шиддати зилзила дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, то ба 5 балл расида, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Аммо Хадамоти геологии Амрико дар иттилоияаш маркази ин заминларзаро 21-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва шиддаташро 5,2 балл баровард кардааст. Ба ҳисоби ин ниҳод, замин дар умқи 17,8 километр ларзидааст. Пажӯҳишгоҳи зилзиланигории Тоҷикистон, тибқи ҷадвали MSK-64, ки кишварҳои пасошӯравӣ истифода мебаранд, шиддати заминларзаи имрӯзаро 5,1 балл ва дар пойтахт ҳудуди 4 балл баровард мекунад.

Қаламрави Тоҷикистон аз минтақаҳои зилзилахези сайёра ба шумор рафта, ҳар сол дар ин қаламрав то 3000 заминларза сабт мешавад. Шиддати аксари ин офоти табиӣ ба андозае заиф аст, ки танҳо дастгоҳҳои вижаи зилзиланигорӣ эҳсосаш мекунанд. Вале ҳамзамон ҳар сол дар ин ҳудуд даҳҳо заминларзаи шадид низ сабт мешавад.

Дар соли 1949 чунин як заминларза боиси ба замин яксон шудани чанд рустои дараи Ҳоити ноҳияи Рашт, воқеъ дар тақрибан 200-километрии шарқи Тоҷикистон шуда буд. Соли 1989 як заминларзаи дигар як бораи кӯҳро болои рустоҳои Шарораву Оқулии поёни ноҳияи Ҳисор шуда, даҳҳо кушта ба ҷо гузошт.

Асароти зилзилаи соли 2010 дар Ванҷ

Як зилзилаи дигар дар тобистони соли 2008 дар ноҳияи Рашт 158 манзил ва чандин пулу иншооти иҷтимоиро хароб карда, ба ин минтақа ба маблағи 11 миллион сомонӣ, ё 2,3 миллион доллар зиён овард. Дар соли 2010 заминларза дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон 60 манзилу 4 мактаб ва 7 бинои маъмуриро тақрибан пурра ва то 500 манзили дигарро қисман хароб кард. Заминларзаи рӯзи 13 майи соли 2012 дар Тавилдара 90 манзилро пурра ва 70 манзили дигарро қисман тахриб кард. Ҷамъи хисороти ин офати тибаӣ 7,2 миллион сомнӣ, ё тақрибан 1,5 миллион доллар баровард шуда буд.