Дар Покистон қонуни нав қабул шуд, ки барои нашри хабарҳои нодуруст ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.
Мақомот гуфтанд, ки қонуни нав барои мубориза бо нашри хабарҳои дурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ равона шудааст, вале мунаққидон гуфтанд, ки ин қонун барои саркӯби дигарандешон қабул шудааст, чун солҳои охир матбуоти Покистон бо сензураву фишори ҳарчи бештар рӯбарӯ мешавад.
Қонунро президент 29 январ имзо кард ва баъди ин дар саросари Покистон эътирози журналистон шурӯъ шуд. Мунизай Ҷаҳонгир, хабарнигори телевизион дар Исломобод гуфт, ки ин қогун “саркӯби комили озодии баён ва ҳуқуқ барои мурофиаҳои одилона мебошад”.
Бар асоси қонун, ҳазорҳо хабарнигорону блогерон дар Покистон мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳукми Имрон Хон ва ҳамсараш Бушра Бибӣ дар Покистон "Олуда накунед, балки хонед." Амри нав ба мардум дар ТуркманистонАз Тоҷикистон хостанд, парвандаи Рухшона Ҳакимоваро бекор кунадЧӣ боис шуд, ки Аҳмади Иброҳим дастгир ва 10 сол зиндонӣ шавад?