Ҳазорҳо нафар дар шаҳри Тел Авив, пойтахти Исроил ҷамъ шуда, аз давлат хостанд бо гуруҳи “Ҳамос” оташбас карда, гаравгонҳоро баргардонад.
Бо гузашти 11 моҳ аз ҷанг дар Навори Ғазза, ҳанӯз ҳам даҳҳо гаравгони исроилӣ дар банди гуруҳи “Ҳамос” ҳастанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Намоиши эътирозиро хонаводаҳои гаравгонҳо ташкил кардаанд ва ба гузориши расонаҳо, танҳо дар шаҳри Тел авив ҳудуди 500 ҳазор ҷамъ шудаанд. Дар дигар шаҳрҳои Исроил шумораи муътаризон то 250 ҳазор кас гуфта мешавад.
Рӯзномаи Times of Israel навиштааст, ин калонтарин намоиши эътирозӣ дар таърихи Исроил ба ҳисоб меравад.
Мавҷи нави эътирозҳо дар Исроил аввали моҳи сентябр шуруъ шуд. Кашфи ҷасади шаш гаравгони исроилӣ дар Навори Ғазза норозигиҳо алайҳи ҳукумати Бенямин Нетаняҳуро зиёд кард.