Эътирозҳо алайҳи Доналд Трамп ва Илон Маск дар ИМА

Эътироз алайҳи сиёсатҳои Доналд Трамп. Ню-Йорк 5 апрели соли 2025

Эътироз алайҳи сиёсатҳои Доналд Трамп. Ню-Йорк 5 апрели соли 2025

Садҳо нафар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Илон Маск, мудири Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE) эътироз карданд. Ин бузургтарин тазоҳурот аз замони интихоби дубораи Трамп ба мақоми президенти ИМА гуфта мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, дар тамоми аёлатҳо беш аз ҳазор намоиши эътирозӣ баргузор шуд. Яке аз тазоҳурот дар наздикии майдони бозии голфи Трамп дар аёлати Флорида гузашт. Ба гузориши “Ройтерс”, наздики 400 нафар дар назди манзили президент дар ин аёлат ҷамъ шуданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот, ки асосан тарафдорони демократҳо мебошанд, гуфтанд, муқобили ғасби қудрат ҳастанд. Муътаризон аз барканории кормандони давлатӣ, бастани ниҳодҳо, коҳиши маблағгузории бахши тандурустӣ ва андозҳои нав норозигӣ карданд.

Дар пайи чунин норозигиҳо, Трамп тариқи шабакаи иҷтимоиаш Truth Social, аз мушкилиҳои вазнин дар шароити ҷанги тиҷоратӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши “Ройтерс”, ҳафтаи равон маҳбубияти Доналд Трамп то 43 дарсад паст шудааст. Ин пастарин нишондод аз замони бозгашти Трамп ба Кохи Сафед аст.