Эътирозгарон дар Тбилиси пароканда шуданд, вале вазъ буҳронӣ мемонад

Тбилиси

Эътирозгарон дар Тбилиси, пойтахти Гурҷистон, субҳи 3-юми декабр, пас аз шаби панҷуми задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ, пароканда шудаанд.

Ба хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода намуданд.

Эътирозҳо дар посух ба тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуданд. Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмими худро дар ин бора рӯзи 28-уми ноябр эълон кард.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки дар рӯзҳои охир 224 эътирозгарро дастгир кардааст. Мақомот рӯзи 2-юми декабр гуфтанд, се афсари пулис дар бемористон бистарӣ шуда, 113 нафари дигар ба муолиҷа ниёз доранд.

Саломе Зурабишвили, раисҷумҳури Гурҷистон, ки ҷонибдорони норозиён аст, дар шабакаи "X" навишт, ки бисёре аз эътирозгарони боздоштшуда аз сару рӯяшон ҷароҳат бардоштаанд.

Сарвазир Иракли Кобахидзе иддао кард, ки тазоҳурот "аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад" ва қавл дод, ки "дар Гурҷистон инқилоб нахоҳад шуд". Президент Зурабишвили дар мусоҳиба бо расонаҳои ғарбӣ иддаои Кобахидзеро рад кард ва гуфт, ки мардум хоҳони интихоботи озод ҳастанд, на инқилоб.