Эътироз дар Гурҷистон ба тарафдорӣ аз Иттиҳоди Аврупо

Ҳазорҳо тарафдори пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо рӯзи 20-уми октябр дар майдони марказии шаҳри Тифлис тазоҳурот карданд. Дар ин роҳпаймоӣ аз 40 то 50 ҳазор кас ширкат кардаанд ва шиори онҳо ин буд, ки “Гурҷистон Иттиҳоди Аврупо”-ро интихоб мекунад.

Тибқи тавофуқи қаблӣ, роҳбарони ҳизбҳои мухолиф дар тазоҳурот баромад накарданд ва ба ҷойи онҳо чеҳраҳои шинохта баромад карданд.

Ин маърака дар остонаи интихоботи порлумонии Гурҷистон баргузор мешавад, ки қарор аст 26-уми октябр баргузор шавад. Бархе фаъолони ҷамъиятӣ дар ин кишвар аз шаҳрвандон хостанд ба тарафдорӣ яке аз чор ҳизби мухолиф овоз диҳанд то ҳизби ба гуфтаи онҳо тарафдори Русия аз қудрат маҳрум шавад. Манзурашон ҳизби “Орзуи гурҷӣ” мебошад.