Додгоҳи ноҳияи Басманнии пойтахти Русия қарорашро рӯзи 16-уми май эълон кард.
Мирзоев дар баёнияи Додгоҳ шахсе номбар шудааст, ки "дар анҷоми амали террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл" мустақим ширкат дошт".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзовро дар Русия дароз кардандПештар модараш, Гулракат Мирзоева, гуфта буд, ки бовар надорад, ӯ дар ҳодисаи террористӣ даст дошта бошад.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти имсол дар Брянск боздошт шудааст.
Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад лаҳзаи боздошти Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда, сипас ба дастонаш завлона мезананд.
Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш ба Русия рафта, дар хонаи амакбачааш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аз рейду депорт метарсид." Нақли модар ва ҳамдеҳагони Далерҷон МирзоевҲамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.