Эълони ҳимояти “ногусастанӣ”-и Аврупо аз Украина

Ҷозеп Боррел бо вазири умури хориҷии Украина Андрей Сибиҳа. Киев, 9-уми ноябри 2024

Ҷозеп Боррел, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳимояти “ногусастанӣ”-и Аврупоро аз Украина эълон кард.

Паёми ӯ рӯзи 9-уми ноябр, ҳангоми сафараш дар Киев садо дод.

Ин сафари нахустини як мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Украина аз замони пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрикост.

Боррел паёми сафарашро ибрози пуштибонии Иттиҳоди Аврупо аз Украина донист. Вай ба хабарнигорон дар Киев гуфт: “Ин пуштибонӣ ба таври ногусастанӣ идома мекунад. Ҳимоят зарурист, то шумо худро аз таҷовузи Русия дифоъ кунед.”

Дар ҳамин ҳол, Русия ҳамлаҳои шадидро бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина идома медиҳад.

Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, Маскав барои шунидани пешниҳодҳои президент Трамп дар бораи поён додан ба ҷанг омода аст. Ҷанге, ки Русия бо таҷовузи низомӣ ба хоки Украина тақрибан 1000 рӯз пеш сар кард.