Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ризоият дод, ки тақрибан 8 ҳазор гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави пойтахт ворид карда шавад. Ин заминҳо аз ҳудуди ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва “Россия” мебошанд.
Тасмими мақомот сокинони баъзе аз маҳаллаҳоро, ки эҳтимол пас аз чанд муддат мақоми “шаҳрӣ”-ро бигиранд, аз ҳоло ба андеша водор кардааст. Онҳо паҳлӯҳои мусбат ва манфии шаҳрнишин шудани худро ба ду паллаи тарозу гузоштаанд.
Мебинанд, ки роҳҳоямон вайрон аст, зуд таъмир мекунанд. Масъалаи обро ҳал мекунанд. Кӣ медонад, яке дидед, ки оби гарм ҳам то ҷои мо расидааст
Бархе умед доранд, ки ба зудӣ мушкили роҳу мактабашон ҳал мешавад, вале иддае дигар дар бораи сарнавишти заминҳои кишт ва мурғу чорвои худ меандешанд, ки дар ҳоли ҳозир ягона манбаи даромади онҳост.
Раҳматулло Садриддинов, сокини маҳаллаи Якуми майи ҷамоати Россия, рӯзи 18-уми декабр гуфт, умед доранд, ки баъди шаҳрӣ шудан аз банди масоиле чун камбуди мактаб ва кӯдакистон раҳо хоҳанд шуд. Мактабе, ки ҳоло фарзандони Садриддинов ва ҳамсояҳояш таҳсил мекунанд, аз маҳалли зисти онҳо хеле дур аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Сокини ноҳияи Ленин будам, душанбегӣ мешавам”
Шоҳтемур Бойсариев, сокини 79-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, агар ин кор иттифоқ афтад, дар тӯли зиндагиаш се дафъа шоҳиди тағйири ном кардани ноҳия мешавад. “Дар аввал сокини ноҳияи Ленин будам. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ номи доҳӣ бо исми Рӯдакӣ тағйир дода шуд. Акнун, қарор аст, баъди пайвастани ҳудудҳои ноҳия ба Душанбе, душанбегӣ шавам”, - афзуд ӯ.
Бойсариев аз ин таҳаввулот хушнуд аст. Ин ронандаи бособиқа мегӯяд, бо вуҷуди як ноҳияи муҳими иқтисодиву саноатие дар канори пойтахт будан, мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва нақлиёти мусофиркаш дар ноҳия ҳалли худро наёфтааст.
Ӯ гуфт, “сокини шаҳр шудан орзуи мо аст. Вақте ин ҷоро ба шаҳр дохил карданд, назорат зиёд мешавад. Мебинанд, ки роҳҳоямон вайрон аст, зудтар таъмир мекунанд. Масъалаи обро ҳал мекунанд. Кӣ медонад, яке дидед, ки оби гармҳам то ҷои мо мерасад”.
“Намедонам, аз сокини Душанбе будан зарар мебинем ё фоида”
Вале на ҳама сокинони маҳаллӣ аз тағйироти эҳтимолӣ хушҳолӣ мекарданд. Дар миёни онҳое, ки мулоҳизакорона суҳбат мекарданд, аз замину боғу моли худ нигарон буданд.
Талаботи шаҳр дигар аст. Машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ мешуд, беҳтар буд. Намедонем, ки аз сокини шаҳри Душанбе шудан зарар мебинем ё фоида
Илҳомҷон, сокини маҳаллаи Яккатути ҷамоати Россия, хабари ба ҳудуди шаҳр гузаштани ҷамоатро хеле барвақт ва дар сатҳи овозаҳо шунидааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он гила кард, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро дар бораи тағйироти ҳудудӣ сари вақт огоҳ намекунанд, то сокинон тавонанд нақшаҳои зиндагии худро тарҳрезӣ намоянд.
“Мо намедонем, ки тақдири заминҳои кишоварзӣ чӣ мешавад. Маълум нест, онҳое, ки ба чорводорӣ машғуланд, чӣ кор мекунанд. Талаботи шаҳр дигар аст, машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ мешуд, беҳтар буд. Намедонем, ки аз сокини шаҳри Душанбе шудан зарар мебинем ё фоида”, - гуфт ӯ.
“Манфиати мардум дар ҷои аввал меистад”
Маҳмадсафо Раҷабализода, раиси Идораи замини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сокинон набояд дар ташвиш бошанд, зеро ба ҳудуди шаҳр гузаронидани заминҳои зисташон марҳила ба марҳила сурат мегирад. Ӯ ваъда дод, ки дар ҷои аввал “манфиати сокинон меистад”.
Дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе гуфтанд, дар беш аз 7 ҳазор гектар замине, ки ба ҳудуди пойтахт мегузарад, ҳангоми бунёди шаҳракҳо “тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст”.
Ба иттилои масъулони ин ниҳод, дар ҳудуди маҳаллаҳо сохтмони мактабҳои замонавӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ сохта хоҳад шуд. Маҳмадсафо Раҷабализода, раиси Идораи замини Душанбе мегӯяд, сохтмони ҳар гуна иншооту биноҳои нав дар ҳоле оғоз мешаванд, ки масъалаи гузаронидани зиёда аз 7 ҳазор гектар замини маҳаллаҳо ба Душанбе ниҳоӣ шавад. Ӯ мегӯяд, умедвор аст, дар зудтарин фурсат ин масъала ниҳоӣ мегардад.
30 ҳазор гектар – Душанбеи соли 2040
Коршиносон мегӯянд, масъалаи табдил додани маҳаллаҳо ба шаҳр кори осон набуда, амалшавии он масъулияти зиёдро талаб мекунад.
Ҷомеашинос Бобоҷони Шафеъ гуфт, нақшаи тавсеаи ҳудудии Душанбе замоне метавонад амалӣ шавад, ки дар навбати аввал мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳамон деҳаҳо ҳал шаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, бо сокинони маҳалҳо бояд дар самти мутобиқшавиашон ба зиндагии шаҳрӣ корҳои фарҳангӣ ҳам бурда шавад.
Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе моҳи апрели соли 2017 тасдиқ шудааст. Бар асоси нақша, васеъшавии ҳудуди Душанбе ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб сурат гирифта, ҳудуди шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира дар соли 2040 то ба 30 ҳазор гектар расонда хоҳад шуд.