Дар шаҳри Душанбе дар ҷойи нишони пешини Тоҷикистон сохтмони поя ва сутуни баландтарин соат дар пойтахти кишвар шурӯъ шудааст. Гуфта мешавад, ки сохтмони ин соатро як соҳибкори тоҷик сармоягузорӣ мекунад. Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки дар канори сохтмони иншооти муосир намунаҳои фарҳанги гузаштаи тоҷикон низ бояд ҳифз карда шавад.
Бунёди баландтарин соат аз сӯи як соҳибкор
Дар майдони "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе тӯли чанд рӯз аст, ки коргарон машғули таҳияи пояи соати 18-метрӣ ҳастанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе 17-уми декабр дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан коргарон машғули сохтани поя ва тири соати бузурге ҳастанд.
Моҳи декабри соли 2015 муҷассамаи Герби Тоҷикистони шуравӣ дар ин мавқеъ тахриб карда шуд. Сабаби тахриби ин муҷассамаро мухолифиат ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе унвон карда буданд.
Вай гуфт, "мутмаинам, ин соат ба зудӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор мегирад. Бояд таъкид кунам, ки сохтмони ин соат аз сӯи як соҳибкори тоҷик сармоягузорӣ мешавад. Исми ин соҳибкорро замони мавриди истифода қарор додани соат эълон мекунем".
Сохтмони ин соат дар майдони марказии Душанбе дар ҷое бунёд мешавад, ки қаблан дар ин маҳал поя ва сутуни нишони давлатии Тоҷикистони шӯравӣ қомат афрохта буд. Ин рамзи Тоҷикистони шӯравӣ танҳо ду сол қабл тахриб шуд.
"Гузаштаи миллати тоҷик низ бояд ҳифз шавад"
Аммо, ба гуфтаи Ғафур Шерматов, таърихшиноси тоҷик, то соли 1949 дар ин маҳал муҷассамаи чаҳорметрии Иосиф Сталин, раҳбари мустабиди Иттиҳоди Шӯравӣ, ки қатли беш аз 20 миллион сокинони ин кишварро ба сиёсати истибдодии вай рабт медиҳанд, побарҷо буд.
Ба гуфтаи вай, чун танҳо дар шаҳри Душанбе 9 муҷассамаи "доҳии миллатҳо" вуҷуд дошт, тасмим шуд яке аз онҳо барчида шуда, дар ҷойи он нишони Тоҷикистони шӯравӣ гузошта шавад. Ҷаноби Шерматов ҳарчанд аз тасмими шаҳрдорӣ барои бунёди таъсисоти муосир пуштибонӣ мекунад, вале бар ин назар аст, ки ҳамзамон гузаштаи миллати тоҷик низ бояд ҳифз карда шавад.
Вай афзуд, "ман мухолифи сохтмони рамзҳои навин нестам. Вале, ҳамзамон бояд бинову таъсисоте, ки бозгӯи гузаштаи наздики миллати тоҷик аст, ҳифз карда шавад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто дар Рим нишонаҳои ҳамаи давраҳои таърихии ин шаҳр ҳифз шудаанд. Чаро мо бояд гузаштаи шӯравии худро аз байн бубарем? Ин ҳам таърихи тоҷикон аст".
Почтаи марказии пойтахти ҳар кишвар ҳамеша километри сифр дониста шуда, масофа то ба ҳар минтақа аз он ҳисоб мешавад. Барои сохтани маҷмаии герби Тоҷикистони шуравӣ маҳз наздики бинои ба истилоҳ "Главпочтамт"-и собиқ интихоб шуд. Моҳи декабри соли 2015 муҷассамаи Герби Тоҷикистони шуравӣ дар ин мавқеъ тахриб шуд. Сабаби тахриби ин муҷассамаро мухолифиат ба нақшаи генералии шаҳри Душанбегуфта буданд.
"Генплан" -- мавзӯи баҳси доғ дар ҷомеа
Мавзӯи бозсозии шаҳри Душанбе ё ба истилоҳ "Генплан" тӯли чанд соли ахир аз мавзӯи доғи ҷомеа дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, ки симои маркази пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ арзиши таърихиву фарҳангӣ надорад ва бояд бозсозӣ шавад.
Аммо, мунтақидони "Генплан", баръакс, иддао доранд, ки нишонаҳои таърихии пойтахти тоҷикон бояд барои наслҳои оянда ҳифз шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар бинои Театри русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе соли 1929 эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон тасвиб шуда буд.
Аммо ду сол қабл ин бино комилан тахриб шуд. Ҳамчунин соли 1991 дар бинои порлумони феълии Тоҷикистон эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул карданд. Ҳоло бошад, бо эҳтимоли зиёд ин бино низ дар маркази Душанбе тахриб шуда, дар ҷойи он бо сармояи Чин маҷмаи нави порлумонӣ сохта мешавад.