Душанбе – пойтахти Тоҷикистон – имсол барандаи ҷоизаи "Шаҳри Сулҳ"-и Бунёди Роҳи абрешим шудааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 12 ноябр дар Фейсбук дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон ҷоизаро аз миёни шаҳрҳои баргузидаи ҷаҳон, аз қабили Руму Афина, Ишқобод, Боку ва Бишкек ба даст овардааст.
Вале мухолифон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва "набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн барем".
Бори дувум аст, ки пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи "Шаҳри Сулҳ"-ро соҳиб мешавад. Айни ҷоизаро дар соли 2004 ба Душанбе созмони ЮНЕСКО тақдим карда ва далелашро "таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти ҳамарӯза" гуфта буд.
Мақомоти ҳукумати Душанбе гуфтанд, ҷоизаи "Шаҳри Сулҳ"-и Бунёди Роҳи абрешим низ "барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ" супурда шудааст. Ба қавли мақомот, ин ҷоизаро рӯзи 11 ноябр Ченг Гуопинг, раиси ҷоизаи "Шаҳри Сулҳ"-и Бунёди Роҳи абрешим ба Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе дод.
Чанде аз сокинон аз ҷоизаи Душанбе истиқбол карда ва гуфтанд, ки дар муқоиса ба солҳои навадум пойтахти Тоҷикистон орому амнтар шудааст ва шояд ҳакамонро ин бахш қонеъ кардааст. Як сокини Душанбе ҳам гуфт, "дар давраҳои ҷанг шабонгоҳ гаштан намешуд. Ҳоло шабу нимшаб марду равуо мекунанд ва касе бо касе кор надорад. Аз ин нигоҳ, Душанбе амн аст." Аммо бархе аз ҳамсӯҳбатони дигари мо гуфтанд, ки баъзан чунин ҷоизаҳо барои дилгармии байни кишварҳо ҳам дода мешавад ва набояд чандон мафтунаш шуд.
Душанбе як шаҳри дар миқёси таърих тозабунёд аст, ки дар тӯли камтар аз 100 сол аз як рустои хурди кӯлбаҳои бомҳояш гилин то як маркази умдаи сиёсиву фарҳангии тоҷикони дунё сабзидааст. Душанбе, ки аз соли 1929 то 1961 ба Сталинобод табдили ном карда буд, соли 1924 бо таъсиси ҷумҳурии ибтидо мухтор ва сипас мустақили Тоҷикистон пойтахти он эълон шуд.
Душанбеи кунунӣ дар майдони 124,6 километри мураббаъ доман густурда, дар ин шаҳр, бино ба омори расмӣ, беш аз 800 ҳазор ва бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 1 миллион нафар ба сар мебаранд. Душанбе феълан аз лиҳози маъмурӣ ба 4 ноҳия – Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино тақсим шудааст ва дар назар аст, ки ноҳияи бузургтаринаш – Сино – дар ояндаи наздик ба ду ноҳияи алоҳида ҷудо карда шавад.
Дар чанд соли охир авҷи сохтмон ва қомат афрохтани биноҳои нави баландошёнае, чун “Душанбе-Плаза”, “Вефа-Сентр”, “Созидание”, бинои нави вазорати хориҷа, Қасри Миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, силсилаи биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонсароҳову марказҳои фарҳангиву фароғатиии ҷадиде, чун “Hyatt Regency”, “Серена” ва “Кохи Наврӯз” симои Душанбе, бахусус кӯчаҳои марказии пойтахтро ба таври қобили мулоҳиза тағйир дод. Аз ҷумла, Қасри Миллат дар майдоне қомат афрохт, ки дар гузашта қароргоҳи марказии пойгоҳи 201-уми артиши Русия буд.
Аз рамзҳои дигари Душанбеи кунунӣ яке милаи 165-метрии парчам бо Боғи Парчам дар маркази Душанбе ва ҳам Боғи Рӯдакист. Милаи парчамаш исми Душанберо ҳатто шомили Китоби рекордҳои Гиннес кард.
Аммо дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи бинои театрҳои Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” ва бунёди иморатҳои муосир дар ҷои онҳоро пешбинӣ мекунад. Ин қарор ҷомеаро ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Гурӯҳи аввал аз нақшаи рушди шаҳр ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, зербинои Душанбе дар аҳди СССР барои як шаҳри ниммиллионӣ сохта шудааст ва бояд акнун бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисоди шаҳр бозбинӣ шавад.
Вале мухолифон, бештар аз байни равшанфикрон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва «набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн барем».
Навори видео:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад