Худкушии духтар ва ҳабси падару иддаои модар

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Хӯрок мепухтам. Духтарам ба тарафи ҳоҷатхона рафт. Худро ба дор овехт.” Мафтуна, сокини Душанбе, марги духтари 15-солаашро дар тобистони 2024 чунин ба ёд овард. Ба иддаои ӯ, духтар дар пайи озори ҷинсӣ аз сӯйи падараш худкушӣ кардааст. Додгоҳи ноҳияи Сино мардро 13 сол зиндонӣ кард.