Ду занро дар Русия ба ташкили тазоҳурот муттаҳам карданд

Акс аз моҳи июни 2024

Мақомоти Русия ду занро ба ташкили гирдиҳамоии бидуни иҷоза муттаҳам карданд. Гирдиҳамоӣ рӯзи 21-уми сентябр бо ширкати тақрибан 20 зан дар назди Вазорати дифои Русия баргузор шуд.

Норозиён зан ё модари сарбозоне ҳастанд, ки аз тарафи Русия ба ҷанг дар Украина сафарбар карда шудаанд. Мулоқот бо вазири дифои Русия Андрей Белоусов ва баргардондани мардон аз майдони даргирӣ аз талабҳои онҳо буд.

Пас аз он ки норозиён гуфтанд, дар назди бинои вазорат хайма мезананд, пулис занонро маҷбурӣ пароканда кард. Ба хабари OVD-Info, ҳамаи онҳо дар идораи пулис бозпурсӣ шуда, ду нафар – Анна Богатченко ва Анастасия Славик – ба ташкили тазоҳурот муттаҳам гардидаанд.

Ин гирдиҳамоӣ дар рӯзе баргузор шуд, ки ду сол пеш Владимир Путин, президенти Русия, фармонро дар бораи сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш имзо карда буд.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он вақт то кунун даргирӣ идома дорад. Дар ин муддат аз ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо тан беҷо шудаанд.

Вазорати мудофиаи Русия дар бораи талафоташ дар ҷанги Украина хабар намедиҳад ва рӯйхати сарбозони кушташударо низ нашр намекунад.