“Мо ба ҳадафҳои низомӣ дар Эрон зарбаҳои дақиқ задем. Аз таҳдидҳои фаврӣ ба давлати Исроил пешгирӣ кардем. Ҳавопаймоҳои мо саломат ба ватан баргаштанд,” – гуфт Даниел Ҳагарӣ, сухангӯйи артиши Исроил.
Мақомоти Эрон рӯзи шанбе тасдиқ карданд, ки марказҳои низомӣ дар канори Теҳрон ва гӯшаҳои дигари Ҷумҳурии Исломӣ зери ҳамлаҳои Исроил монданд. Онҳо гуфтанд, дар ин ҳамла ду сарбоз кушта шуда, хисороти “андак” расидааст.
Нахуствазири Бритониё Кир Стармер гуфт, Эрон набояд вокуниш нишон диҳад: “Дар мавриди ҳамлаҳо. Ман фикр мекунам, бояд воқеан ошкор бошем, ки Исроил ҳаққи дифоъ аз худро дорад. Мо аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунем, ки хештандорӣ нишон диҳанд.”
Шон Саветт, сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Кохи Сафед, ҳамлаи Исроилро “тамрини муҳофизат аз худ” ва “вокуниш ба ҳуҷуми мушакии Эрон дар рӯзи 1-уми октябр” номид. Вай гуфт, ки Вашингтон дар бораи ҳамлаҳо пешакӣ огоҳ карда шуда буд.
Пентагон мегӯяд, вазири дифои Амрико Ллойд Остин бо ҳамтои исроилии худ Йоав Галлант дар бораи ҳамлаҳо суҳбат кардааст. Остин бори дигар таъкид карда, ки Иёлоти Муттаҳида ба таъмини амнияти Исроил пойбанд аст.
Пэт Райдер, сухангӯйи Пентагон, гуфт, Вашингтон тасмим дорад, аз густариши низоъ пешгирӣ кунад, вале ҳамзамон таъкид кард, ки Исроил барои ҳимоят аз худ ҳақ дорад.
Пештар артиши Исроил дар баёнияе гуфт, ки режими Эрон ва “намояндагӣ”-ҳояш дар минтақа аз 7-уми октябри соли 2023 пайваста ба исроилиён ҳамла мекунанд. Дар ин баёния таъкид шуд, ки Исроил ҳақ дорад ба мисли ҳар кишвари мустақил ба ҳамагуна ҳамла посух диҳад.
Эрон дар аввали моҳи октябри имсол дар вокуниш ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии "Ҳамос" бо тақрибан 200 мушак ба Исроил ҳамла кард.
Исроил он вақт гуфта буд, ки интиқом хоҳад гирифт. Ҳоло ҳам ҳушдор додааст, ки агар Теҳрон чораи ҷавобӣ андешад, бо вокуниши тунди Телавив рӯ ба рӯ хоҳад гашт.
“Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам созмони низомӣ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ, аз ҳимояти Эрон бархурдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” низ аз пуштибонии Эрон баҳравар аст, вале Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд. Ҷангҷӯёни гурӯҳ рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.
Баъди ин, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.