Боздошти 32 тан дар бӯстонсарои раҳбари дафтари Ислом Каримов

Мақомоти амниятӣ дар яке аз бӯстонсароҳои шаҳри Тошканд даҳҳо нафарро боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо кормандони додситонӣ, амният миллӣ ва дигар мақомоти интизомӣ ҳастанд.

Дар Тошканд дар ҷараёни як амалиёти вижаи кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар як бӯстонсарои давлатӣ, 32 нафар боздошт шудаанд. Бино ба хабарҳо, дар миёни боздоштшудагон кормандони амнияти миллӣ, додситонӣ ва дигар мақомоти интизомӣ ҳастанд.

Кормандони амният бо ниқобҳои сиёҳ ғайриинтизор ба ин бӯстонсаро, ки "Туркистон" ном дорад, ҳамла бурдаанд ва ин афродро дар ҳоле боздошт кардаанд, ки онҳо бо занони “ношинос” дар коттеҷҳои бӯстонсаро ба ишқварзӣ машғул будаанд.

Дар мусоҳибае бо Фаррух Юсуфӣ, таҳлилгари умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ нахуст аз вай пурсидам ин боздоштшудаҳо кистанд?

Фаррух Юсуфӣ: 16 нафар аз ин 32 нафари боздоштшуда мардҳо ва 16 нафари дигари онҳо заноне мебошанд, ки онҳоро “киро” кардаанд. Он гуна, ки сарчашмаҳои хабарии мо иттилоъ доданд, ин афроди боздоштшуда кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ва додситонӣ мебошанд. Вале масъала ин нест, ки кормандони интизомиро боздошт кардаанд, балки муҳим ин аст, ки онҳоро дар бӯстонсарои давлатии “Шелковичная”-и пешин ё “Туркистон”-и кунунӣ боздошт карданд. Ин бӯстонсаро ба Зелимхон Ҳайдаров-раҳбари дафтари раиси ҷумҳури Узбакистон тааллуқ дорад.

Озодӣ: Зелимхон Ҳайдаров кист ва дуруст аст, ки бо ин боздоштҳо мехоҳанд мавқеи вайро заиф кунанд?

Фаррух Юсуфӣ: Зелимхон Ҳайдаров дӯсти деринаи Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон аст. Вай аз давраҳои кор дар Кумитаи Марказии Ҳизби Куммунисти Узбакистон бо Каримов як ҷо кор мекунад. Вай аз соли 1993 то ҳол, яъне бештар аз 20 сол раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Узбакистон аст. Вай яке аз собиқадорони сиёсат дар Узбакистон аст. Муносибати вай бо Рустам Иноятов-раиси Хадамоти Амнияти Милли сард аст ва ин муносибатҳо аз соли гузашта ба ин тараф барои ба мақомҳои давлатӣ таъйин кардани шахсон шадидтар шудаанд.

Озодӣ: Масалан, дар гузашта чӣ норизоятиҳо ва ё моҷароҳо байни Иноятов ва Ҳайдаров пеш омада буд?

Фаррух Юсуфӣ: Муноқишаҳои ошкор мушоҳида нашудааст. Байни онҳо рақобати пинҳонӣ барои наздиктар шудан ба Ислом Каримов ва аз ин роҳ соҳиб шудан ба нуфузи бештар идома доштааст. Мегӯянд, ки Ҳайдаров бояд тасмим бигарад, ки Каримов киро бояд ба ҳузур пазирад ва киро бояд напазирад. То ҳол Ҳайдаров наздиктарин шахс бо Ислом Каримов аст, ҳатто бештар аз Рустам Иноятов.

Озодӣ: Ҳоло мавқеи кадоме аз онҳо қавитар аст, Рустам Иноятов ё Зелимхон Ҳайдаров? Дар ин бора коршиносон чӣ мегӯянд?

Фаррух Юсуфӣ: Мушкил аст ба ин суол ҷавоб додан. Ҳам Рустам Иноятов ва ҳам Зелимхон Ҳайдаров дар сиёсати Узбакистон шахсиятҳои таъсиргузор ҳастанд. Дар ин миён Ислом Каримов мисли як одами зирак байни шахсиятҳо ё марказҳои таъсиргузор баробариро нигоҳ медорад.

Озодӣ: Мегӯянд, ки Гулнора Каримова-духтари калонии Ислом Каримов низ дар яке аз коттеҷҳои ҳамин бӯстонсаро ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст ва ҳатто баъзе мақомоти пешин ҳам он ҷо дар ҳабси хонагианд?

Фаррух Юсуфӣ: Ин хабарро чанд сарчашма таъйид кардаанд. Ин бустонсарои Шароф Рашидов, раҳбари вақти Ҳизби коммунисти Узбакистон дар маркази шаҳри Тошканд мебошад, ки дар иҳотаи ҷангал ҷойгир аст. Солҳои охир дар он ҷо коттеҷҳои махсус бунёд кардаанд ва дар он ҷо шахсони боломақомро дар ҳабс нигоҳ медоранд, албатта бо ҳукми додгоҳ. Сарчашмаҳо таъйид мекунанд, ки ҳоло дар яке аз ин коттеҷҳо Гулнора Каримова дар ҳабси хонагист ва то ҳамин вақтҳои охир дар он ҷо Ҳаёт Шарифхоҷаев-муовини пешини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ва мақомоти пешини баландпояи ин кишвар низ ҳастанд. Тағйироти кадрӣ дар Хадамоти амнияти миллӣ, таҳрикдиҳандаи муносибатҳои сарди неруҳои мухталифи Узбакистон шудааст.