Дороии 500 шахси сарватмандтарини сайёра дар соли 2024 афзудааст

Дороиҳои Илон Маск дар давоми як сол 213 миллиард доллар бештар шудааст

Дороии 500 шахси сарватмандтарини сайёра дар соли 2024 аз 10 триллион доллар ҳам гузашт.

Дар ин бора хабаргузории Bloomberg рӯзи 2-юми январ хабар дод.

Ин пул бо Маҷмӯи маҳсулоти дохилии якҷояи Олмон, Ҷопон ва Австралия дар соли гузашта баробар аст.

Се шахси бойтарини ҷаҳон Илон Маск – молики Tesla ва SpaceX, Ҷефф Безос – муассиси Amazon ва Марк Тсукерберг – раҳбари ширкати Meta мебошанд.

Ҳашт намояндаи пешгоми соҳаи фанновариҳо дар умум дар давоми як соли гузашта 600 миллиард доллар ба даст овардаанд.

Ба навиштаи Bloomberg, Илон Маск ба шарофати наздикиаш бо президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп тавонист қисми калони даромади ширкатҳояшро таъмин кунад.

Дар давоми як сол дороиҳои Маск 213 миллиард доллар афзуда, дар умум аз 442 миллиард доллар гузашт.