Мардуми тоҷик, ки худро ҳамвора меҳмоннавоз муаррифӣ мекунанд ва дари хонаҳояшон ҳамеша ба рӯйи меҳмон боз буд, чӣ водор кардааст, то дари хонаҳояшонро маҳкамтар бибанданд? Аксар сокинон мегӯянд, дарҳои замоне бозу беқуфли тоҷикон маҳз баъди нооромиҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон баста шудааст.
Талоши мо барои ворид шудан ба яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе бенатиҷа буд, зеро рӯи дари ин бинои чандошёна дастгоҳе иборат аз чанд тугма бо номи қуфли рамзӣ насб шуда буд ва ҳеҷ занг ҳам вуҷуд надошт, ки сокинони биноро аз ҳузури худ огоҳ созем. Чанде аз тугмаҳоро фишор додем, вале натиҷае надод.
Пас аз чанд дақиқа Шаҳноза, яке аз сокинони он биноро ҳангоми берун рафтан аз сохтмон вохӯрдем. Вай гуфт, афроди бегона ба ҳеҷ сурат наметавонанд вориди ин бино шаванд, магар ин ки аз наздикону пайвандон ё меҳмонони худи сокинони ин бино бошанд ва қаблан аз омадани худ соҳибхонаро аз тариқи телефон огоҳ карда бошанд. Аз Шаҳноза пурсидем ин ҳама қуфлу рамзу роз аз барои чист? Ӯ гуфт, “чандин маврид буд, ки “бомж”-ҳо ё афроди бехона ба дохили “подъезд” (даромадгони сохтмон) медаромаданду шабҳоро саҳар мекарданд. Ҳатто ҷасади як бомж пайдо шуд. Баъд маҷбур шудем, ки ин дастгоҳро насб кунем. Ҳоло бо ин қабил мардум мушкил надорем.”
Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкатҳои фароҳамсози васоили амниятӣ барои биноҳои истиқоматӣ мегӯянд, рӯз ба рӯз талаботи сокинони Душанбе ба дастгоҳҳои амниятӣ барои хонаҳо ё ҳамон қуфлҳои рамзиву телефонҳои пушти дар ё ҳаммон “домофон”-ҳо дар ҳоли афзоиш аст. Баҳром Поччоев, мутахассиси яке аз ширкатҳои насби “домофон”-ҳо мегӯяд, барои мисол, агар ҳар кадоме аз 20 мағозаи фурӯши ин васоил дар Душанбе моҳе даҳ дастгоҳ фурӯшад, ин шумора дар маҷмӯъ 200 ададро ташкил хоҳад дод.
Поччоев афзуд, “имрӯзҳо афроди майзада ва авбошро зиёд мебинем. Масалан, ҳолатҳое шудаанд, ки афроди бехона ба таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ даромада, ба корҳои бемаънӣ машғул мешуданд, ахлоту пешоб мекарданд, дуздӣ мекарданд. Аз ин рӯ, сокинон мехоҳанд дари вурудии манзилҳои худро ба рӯи чунин афрод бибанданд.”
Дар ҳоле ки нархи “домофон”-ҳо вобаста ба сифату имконоташон дар бозорҳои Душанбе аз 400 сомонӣ то 800 доллар аст, бисёре аз сокинони пойтахт аз хидмати ин дастгоҳҳо ё ба далели иқтисодӣ ва ё ба далели ноогоҳӣ истифода намекунанд. Аксари сокинони Душанбе барои таъмини амнияти манзилҳои худ бештар аз дару панҷараҳои оҳанӣ истифода мекунанд. Бахусус онҳое, ки дар ошёнаи якум хона доранд, тирезаҳои худро бо панҷараҳои оҳанӣ муҷаҳҳаз месозанд, то касе вориди хонаашон нашавад.
Покиза, як сокини пойтахт, мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ хонаҳои сокинон дарҳои чӯбин дошт ва насби дарҳои оҳанӣ пас аз бесуботии даврони ҷанги дохилӣ роиҷ шуд. Ба гуфтаи Покиза, ҳоло хонаи ӯ чандин дар дорад: “Дари чӯбии пешинаро напартофта, аз болояш дари оҳанӣ часпондам. Баъд, чанд вақт пеш, нимашабҳо одамони ношинос дари ҳамсояамро сахт-сахт кӯфтанд. Дар ҳамсоягии мо, ки духтарони ҷавон зиндагӣ мекарданд, хеле метарсиданд ва ҳатто ними шаб ба ман занг мезаданду кумак мехостанд. Баъди он дар роҳрав ҳам дари сеюми оҳанӣ часпондем, ки ҳам хонаи ман ва ҳам ҳамсояамро муҳофизат мекунад.”
Дар бораи мавридҳои ворид шудани дуздону авбошон ба хонаҳо ва ҷиноятҳои дигари вобаста ба ин омори охирин дар даст нест. Вале аз рӯи ҳисобҳои омории нимсолаи аввали соли 2015, аз миёни беш аз 6 ҳазор ҷинояте, ки дар кишвар сабт шудааст, чорякаш марбут ба ғоратгарӣ будааст. Омор мегӯяд, ки назар ба соли 2014 ҳодисаҳои ғоратгарӣ 36 дарсад, аз ҷумла, ғоратгарии манзили сокинон 13 дар сад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи бархе аз сокинон, тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин, сокиноне ҳам ҳастанд, ки мисли даврони Шӯравӣ дари хонаи худро қуфл намекунанд. Сайёра, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, аслан дар бораи ин ки шояд чизе аз хонааш гум шавад, фикр накардааст. “Аз соли 1976 ҳамроҳи падару модар дар ҳамин хона зиндагӣ мекунем ва боре ҳам нашудааст, ки аз хонаамон чизе гум шуда бошад. Чизи гаронқимате ҳам надорем,” - афзуд ӯ.
Тибқи фарҳанги мардуми тоҷик замонҳои пеш хонаҳо қуфлу калид надошт ва дарҳо бар рӯи тамоми меҳмонон боз буд. Ҳоло ҳам ин фарҳанг дар баъзе аз рустоҳо бавижа дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон роиҷ аст, вале ба назар мерасад ба далели ноамнӣ ва беэътимодӣ ба дигарон ин суннатҳо батадриҷ камранг мешаванд.