Ба навиштаи Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ин духтар дар эътироз ба азияти як неруи басиҷӣ, (ихтиёриёни шарики Сипоҳи Посдорон) даст ба ин кор задааст.
Ба қавли манбаъ, намояндагони Сипоҳ ин духтарро ба далели “бадҳиҷобӣ” азоб додаанд. Аммо намояндагони донишгоҳ гуфтаанд, ин рафтори донишҷӯ эътироз набуд, балки вазъи равонии ӯ хуб нест.
Майи Санту, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар Эрон гуфтааст, мавзӯи боздошти ин донишҷӯро пайгирӣ дорад. Афви байнулмилал хостори озодии ин духтар шуд.
Дар Эрон аз соли 1981 қонуни ҳиҷоби ҳатмӣ барои духтарони аз 9-сола боло амал мекунад. Дар хиёбонҳои ин кишвар, маъмурони “гашти иршод” занонро барои надоштани ҳиҷоби мавриди назари мақомот нигоҳ дошта, тафтиш мекунанд. Ин қонун борҳо эътирози занону духтаронро дар пай доштааст.
Соли 2022 духтари ҷавон дар Эрон баъди боздошташ бо гумони “бадҳиҷобӣ” дар идораи полис даргузашт ва ин чиз боиси эътирозҳои бесобиқаи сартосарӣ дар тамоми кишвар шуд. Мақомот бо саркӯби бераҳмона посух доданд ва дар давоми чанд моҳи эътирозҳо чандсад нафар куштаву ҳазорҳо тан маҷрӯҳ шуданд.