Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони ниҳодҳои дигар тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро таҳия кардаанд, ки бар асоси он барои ивази ғайриқонунии асъори хориҷӣ мусодираи асъор ва 9 соли ҳабс пешбинӣ шудааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода - раиси Бонки миллии Тоҷикистон 26 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло ивази асъор танҳо дар бонкҳо, созмонҳои қарздиҳӣ ва нуқтаҳои интиқоли пулӣ иҷоза дода шудааст ва ҳар амалиёти мубодилаи асъор, ки берун аз ҳудуди ин нуқтаҳо сурат мегиранд, ғайриқонунӣ ҳастанд.
Ӯ афзуд, тарҳи тағйиру иловаҳо баъди комил шуданаш ба ҳукумат пешниҳод шуда, пас аз тасвибаш аз сӯи парлумон мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Нурмуҳаммадзода мегӯяд, ҳадаф аз ин тарҳ ҷилавгирӣ аз суръати афзоиши қурби асъори хориҷӣ дар баробари пули миллии сомонӣ аст, ки аксаран, ба гуфтаи ӯ, аз сӯи ҳаннотон роҳандозӣ мешавад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамин тавр эҳтимоли дубора боз шудани дари саррофиҳо дар кишварро рад кард ва гуфт, ки "818 сарроф бигзор дар ҷои дигар ҷои кор ёбанд. Ҷои кор бисёр аст. Ташкилотҳои қарзӣ ҷои кор доранд, ба он ҷо раванд. Тамоми мубодилаи асъор бояд дар ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо сурат гирад," -- гуфт ӯ.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба суоли он ки чаро қурби доллари Амрико нисбат ба сомонӣ дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ ба шиддат боло рафта ва ҳатто аз марзи 9 сомонӣ низ гузашт, гуфт, ин ба истироҳати даҳрӯзаи бонкҳои Русия вобаста буд. Ӯ афзуд, "дар даҳ рӯзи аввали соли ҷорӣ бонкҳои Русия фаъолият накарданд ва бонкҳои мо натавонистанд, ки рублҳоро бо доллар иваз кунанд. Аз ин рӯ, доллар дар аввали сол каме баланд рафт."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бонки миллии Тоҷикистон аз таҳияи иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар ҳоле хабар дод, ки рӯзи 22 январ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як машварати корӣ бо ширкати сарвазиру муовини сарвазир, раиси Бонки миллӣ ва раҳбарони блоки иқтисодии ҳукумат роҳҳои “мӯътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ” баррасӣ кард. Ӯ гуфт, ки “коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад.”
Оқои Раҳмон дар ин ҷаласаи аъзои блоки иқтисодии ҳукуматаш таъкид кардааст, ки сиёсати қарзиву асъорӣ “бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад.”
Баррасии вазъи бозори асъори Тоҷикистон дар ҷаласаи блоки иқтисодии ҳукумат дар ҳолест, ки қурби расмии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон – дар як соли охир дар муқобили доллар беш 50 дарсади қурбашро аз даст дод. Сомонӣ дар “бозори сиёҳ” дар муқобили асъори муҳими хориҷӣ беш аз 60 дарсад арзонтар шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз барои пешгирӣ аз коҳиши қурби доллар асосан аз чораҳои маъмуриву муҷозотӣ истифода мебарад. Аз ҷумла дар моҳи май бо қарори президент раиси Бонки миллӣ ва тамоми муовинони ӯ аз мақом барканор карда шуданд. Раҳбарияти нави Бонки миллӣ саррофиҳои хусусиро баст ва мубодилаи асъорро танҳо аз тариқи бонкҳо иҷозат додааст.
Ин боиси саргардонии аҳолӣ дар роҳи табдили пул шудааст. Азбаски аксари хонаводаҳои Тоҷикистон рӯзгори худро аз ҳисоби пули муҳоҷирон таъмин мекунанд ва пули онҳо асосан бо асъори хориҷӣ ва бештар бо рубли русӣ меояд, мардум маҷбуранд барои табдили пулашон ба сомонӣ аз хидмати саррофон истифода баранд.
Тоҷикистон қаблан бо сиёсати либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар ин кишвар ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло мардум маҷбур аст, барои табдили пулаш чанд километр роҳро тай карда, ягон бонкро ҷустуҷӯ кунад ваё ба саррофони “бозори сиёҳ” рӯ биорад, ки ин имкони фиреб хӯрдани онҳо ҳангоми табдили маблағҳояшонро бештар мекунад.