Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, рӯзи 7 январ дар "бозори сиёҳ”-и шаҳри Душанбе қимати 1 доллари амрикоӣ ба 8 сомонию 30 дирам баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонааш қурби расмии 1 долларро барои муомилаҳои рӯзи 7 январ 7 сомонию 19 дирам муқаррар кардааст.
Як тоҷир дар бозори "Корвон"-и Душанбе, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба Озодӣ гуфт, "мо ба доллар ниёз дорем. Аммо ба таври расмӣ имкони хариди онро надорем. То дирӯз бархе аз бонкҳо ба ҳар нафар то 300-долларӣ мефурӯхтанд. Имрӯз ин кор қатъ шуд. Дар бозори "сиёҳ" нархи 100 доллар ба 825-830 сомонӣ расидааст."
Гуфта мешавад, ҳарчанд аз авоили моҳи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши асъорро дар боло бурдани нархи асъори хориҷӣ ба таври маснӯӣ муттаҳам карда ва фаъолияти онҳоро қатъ намуд, аммо ин саррофҳо ба таври пинҳонӣ долларро хариду фурӯш мекунанд. Ба асоси дастури Бонки миллӣ, танҳо бонкҳо ҳаққи хариду фурӯшро дошта ва ниёзмандон метавонанд дар бонкҳо муомилоти марбут ба харидуфурӯши асъори хориҷиро анҷом диҳанд.
Вале ба гуфтаи тоҷирон, бонкҳои Тоҷикистон аз фурӯши доллари амрикоӣ бо арзиши расмӣ дурӣ ҷуста ва баҳонаи камбуди долларро пеш меоранд.
Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, 7 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз вуҷуди "бозори сиёҳи харидуфурӯши асъори хориҷӣ" изҳори беиттилоӣ кард. Ӯ гуфт, ҳоло тамоми саррофиҳо баста шудаанд ва шаҳрвандони одӣ ҳаққи харидуфурӯши асъори хориҷиро надоранд.
Дар пайи якбора болоравии қурби доллар дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ бо дастури Бонки миллӣ тамоми саррофиҳо баста шуда ва ин ниҳод эълон кард, ки мубодилаи асъор аз ин ба баъд дар нуқтаҳои интиқоли пул, намояндагии бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Афроде, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъор машғул мешаванд, бар асоси дастурамали нави Бонки миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар пайи санҷишҳои Додситонӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти ҳудуди 38 корманди нуқтаи мубодилаи асъори “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ташкилоти қарздиҳии хурди “Васлат” мавориди вайрон шудани муқаррароти қонун ошкор ва ниҳодҳо ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт ва ислоҳи камбудҳо муваззаф шудаанд. Бонки миллӣ ба ин бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони худро ҷазо диҳанд ва ҳатто аз кор биронанд.
Дар моҳи гузашта ду дафъа, аз ҷумла дар пайи худкушии як сарроф даҳҳо тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди бинои Бонки миллии Тоҷикистон рафтанд, то мушкилоти худро бо масъулон дар миён бигузоранд.
Қурби сомонӣ дар муқобили доллар беш аз як сол боз пайваста пойин меравад. Моҳи январи соли 2015 қурби расмии як доллар 5 сомонию 30 дирам буд. Ба ин тартиб, қурби расмии доллар дар як соли охир 40 дарсад ва қурби ғайрирасмиаш қариб 60 дарсад боло рафтааст.
Мақомоти Бонки миллӣ - ниҳоди масъули танзими бозори асъори Тоҷикистон - то кунун асосан аз роҳҳои маъмурӣ ва муҷозоти саррофон бо афзоиши қурби доллару асъори дигари муҳими хориҷӣ мубориза мебурданд. Ин ниҳод дар моҳи сентябр ҷиҳати ҷалби беш аз 3 миллиард юан, тақрибан ним миллиард доллар, аз Чин қарордод баст, то фишори доллар ба бозорро коҳиш бидиҳад. Вале иқтисоддонҳо мегӯянд, чораҳои маъмурӣ тавони ҷилавгирӣ аз боз ҳам пойин рафтани қурби сомониро надорад ва ин раванд метавонад боз ҳам давом кунад.
Иқтисоди Тоҷикистон аз Русия хеле вобаста аст ва бисёриҳо бар инанд, ки як омили чунни заиф шудани қурби пули миллии Тоҷикистон низ аз мушкилоти иқтисодии Русия маншаъ мегирад. Зимнан, рӯзи 6 январ қурби рубли русӣ дар бозори асъор низ башиддат пойин рафт ва барои бори аввал аз "сешанбеи сиёҳ"-и 16 декабри соли 2014 аз марзи 75 рубл барои як доллар гузашт.
Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ гуфт, ба бовари вай, уфти қурби сомонӣ дар муқобили доллар ва дигар асъори муҳими хориҷӣ дар тӯли соли 2016 ҳамчунон идома хоҳад ёфт:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад